Маҳфили муфид

Назаре ба таърихи тамаддуни Ориёӣ

№161 (3146) 28.12.2013

Дар Кохи ташкилоти ҷамъиятии «Фарҳангсаройи Ориёӣ»-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бо ибтикори сарвари ин ташкилот, раиси бахши истаравшании Бунёди забони тоҷикӣ, шоира Раънои Зоирдухт семинар-машварати шаҳрӣ вобаста ба таърихи тамаддуни Ориёӣ бо иштироки донишмандон ва муҳаққиқони соҳа, фарҳангшинос Ҷонибеки Асрориён ва нависанда Ҷумъа Қуддус баргузор гашт. Дар семинар адибон, санъаткорону мактабиёни шаҳр низ ширкат варзиданд.

Ҷонибеки Асрориён ва Ҷумъа Қуддус перомуни таъсири кашфиётҳои мардуми ориёитабор, аз ҷумла халқи тоҷик ба тамаддуни башарӣ дар асоси навиштаҳои Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ва масоили таърихи гузаштаи инсоният ҳарф заданд.

Мулоқот дар фазои озоду ҳусни тафоҳуми ҷонибайн, баёни фикру андешаҳои ҳозирин дар бобати омӯзиши арзишҳои фарҳангии гузаштаи мардум сурат гирифт. Мулоқоти ин ду донишманд дар гимназияи №5-уми шаҳр, ки номи академики шодравон Раҷаб Амоновро дорад, идома ёфт ва мактабиён хотироту андешаҳои ин ду танро дар бобати мақому манзалати академик Раҷаб Амонов, ки имрӯзҳо дар тамоми кишвар 90-солагии зодрӯзаш таҷлил карда мешавад, шуниданд.

Ҳар ду маҳфилро ҳам шеърхонии мактабиён дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва фарзандони фарзонаву шоистаи он ва суруду таронаҳои дилошӯби санъаткорони шаҳр гарму хотирмон сохт.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»