Номи неку кори нек

№74 (3059) 18.06.2013

КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо иқдоми омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №54 ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом ин мактаб  ба номи яке аз афроди шинохтаи ҷумҳурӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, академик Иброҳим Обидов  номгузорӣ шуд. Доктори илми таърих, профессор, академики Академияи илмҳои педагогии СССР Иброҳим Обидов  дар рушди илми тоҷик ва таърихи кишвар хизмати босазо кардааст. Вай яке аз муҳаққиқони варзидаи соҳаи педагогикаи замони шӯравӣ ба ҳисоб рафта, муаллифи зиёда аз 20 монография ва бештар аз 500 рисолаву  мақолаҳои илмист.