Обҳое, ки аз қабати таҳшинҳо ва тарқишҳои қабати замин ҳаракат мекунанд, обҳои зеризаминӣ номида мешаванд. Дар шароити иқлими континенталӣ нобаробар ҷойгир шудани оби сатҳи заминӣ ва ғализ шудани оби як қисми дарёҳо, аз қабили Сир, Зарафшон, Вахш, Варзоб ва ғайра, омӯхтан ва истифода бурдани обҳои зеризаминӣ аҳамияти басо муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дорад. Ҳамрадиф бо барои нӯшидан ва дар рӯзгор истифода шуданашон, обҳои зеризаминӣ дар саноат ва хоҷагии халқ барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ истифода мешаванд. Дар қаламрави Тоҷикистон се намуди обҳои зеризаминиро аз ҳамдигар фарқ менамоянд: тарқишӣ, байниқабатӣ ва дохилитаҳшинӣ. Намуди аввали ин обҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ хос буда, обҳои ширин маҳсуб меёбанд. Обҳои зеризаминии байниқабатӣ дар ҷануби Тоҷикистон, дар мавзеъҳое, ки таҳшинҳои мезозойӣ, палеогенӣ ва неогенӣ паҳн гардидаанд, вомехӯранд. Дар байни ин намуди обҳои зеризаминӣ обҳои фишордор низ мавҷуданд. Обҳои дохилитаҳшинӣ дар қабати таҳшинҳои обварда (аллювиалӣ) ҳосил шудаанд. Ин навъи обҳо дар поёноби дарёҳо, ки ҳангоми аз кӯҳ ба водӣ баромадан таҳшинҳои зиёди аллювиалӣ хобидаанд, паҳн гардидаанд. Ҳамин тавр, обҳои зеризаминӣ дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон дида мешаванд ва онҳо дар чуқурии аз 0,5 то даҳҳо метр ҷойгир шудаанд.
Обҳои зеризаминӣ аз рӯйи пайдоиш, хусусиятҳои табиӣ, таркибӣ, химиявӣ ва газӣ, миқдори микроэлементҳо, ҳарорат, фишори фаввораи об ба сатҳи замин ва таркиби физикию химиявиро доро буда, аз якдигар фарқ доранд. Аз ин рӯ, ба обҳои табобатии гарм, карбонатӣ, сулфатӣ, радонӣ, комплекӣ, нӯшокӣ ва ғайра ҷудо мешаванд. Ташаккулёбии ин намуди обҳо аз ҳисоби боришоти атмосферӣ – борон, барф, жола ва пиряхҳо ба амал меояд. Аммо вобаста ба ғизогирӣ ва хусусиятҳои қабатҳои обгузару обногузар захираи обҳои зеризаминӣ дар ҳама ҷо як хел намебошад. Масалан, обҳои зеризаминии қисми ғарбии Фарғона дар қабати таҳшинҳои аллювиалию пролювалии давраи чоруми геологӣ бештар ҷамъ шудаанд. Захираи умумии обҳое, ки дар қабати он таҳшинҳои давраи чорум мавҷуданд, дар як сония 46,5 м3-ро ташкил менамоянд.
Ҳавзаи дарёи Зарафшон мисли дигар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон, ноҳияи фурӯбарандаи боришоти атмосферӣ буда, он манбаи ғизогирии обҳои зеризаминӣ мебошад. Як қисми боришоти фурӯбурдашуда дар ин ё он қисми ҳавзаи дарё дар шакли чашмаҳо ба сатҳи замин мебарояд, ки бевосита ё бавосита ғизои дарёи Зарафшон ва шохобҳои он мегардад. Ташаккулёбии обҳои зеризаминии ҳар як минтақа ба сохти геологӣ, таркиби литологии ҷинсҳо, релеф ва иқлими ҳамон ҳудуд вобаста буда, хосияти гидрологии ин обҳоро муайян менамояд. Дар ташаккули обҳои зеризаминӣ шикастаҳои калони тектоникӣ ҳамчун махзан хизмат мекунанд. Аз ҳамаи ҷинсҳои кӯҳии дар водии Зарафшон паҳншуда қобилияти хуби обзахиракуниро оҳаксангҳо мебозанд ва масрафи об дар ҳолати табиӣ ба даҳҳо ва ҳатто ба садҳо литр/сония рост меояд. Обҳои зеризаминии ҳавзаи дарёи Зарафшон аз ҷиҳати бузургии маъданнокиашон ширин ва дар мавзеъҳои алоҳида ниҳоят ширин мешаванд. Ин обҳоро ба чашмаҳои мусаффо ва обҳои минералӣ ҷудо намудан мумкин аст.
Обҳои зеризаминии тарқишҳои ҷинсҳояшон тағйирпазируфта ва булӯрии палеозой бештар ширин ва маъданнокиашон камтар аст, зеро ин намуд ҷинсҳо бад ҳал мешаванд ва намакҳои дар об маҳлулшавандаашон низ кам мебошанд. Ин обҳо роҳи кӯтоҳтаринро тай карда, ба сатҳ мебароянд, бинобар ин, ишқорнокиашон паст ва маъданнокиашон низ баланд нест. Аксар вақт маъданнокии обҳои зеризаминӣ дар як литр аз 0,5 то ба 1 грамм мерасад. Дар таркиби обҳои зеризаминӣ ионҳои НСО3 ва Са бештар банд, аз ин рӯ хосияти гидрокарбонию калсигӣ бартарӣ дорад. Дар мавридҳои алоҳида дар таркиби обҳои зеризаминӣ натрий, анионҳои сулфат ё хлор низ бартарӣ пайдо мекунанд. Умуман, қисми бештари чашмаҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон бо кам будани дараҷаи маъданнокиашон фарқ намуда, таркибашон гидрокарбонатианд. Дараҷаи пасти маъданнокӣ доштани обҳои зеризаминӣ ва сатҳи заминиии водии Зарафшон, алалхусус аз намакҳои йод кам баҳравар будани онҳо ва дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир шудани ин мавзеъ вобаста мебошад.
Обҳои сатҳи замин ба воситаи найчаҳои обгузаронанда, тарқишҳои ҷинсҳои кӯҳӣ дар қабатҳои поёнхобидаи обнагузаронанда ҷамъ гардида, дар нишебиҳои пасттар ба сатҳ ба шакли чашма сар мезананд. Нақби обтақсимкунаки ағбаи Шутургардан (нақби Истиқлол) далели возеҳи ин омил шуда метавонад. Зеро тобистон аз тарқишҳои ҷинсҳои кӯҳии палеозойӣ об ба мисли шаршара мерезад, вале дар фасли зимистон низ ҷорӣ асту мечакад. Таркиби ин навъи обҳо гирдрокарбонатӣ мебошанд. Обҳои маҳалҳои Кумарғ, Саратоғ, Қаракӯл, Чоре, Дуоба, Хоич ва чашмаҳои атрофии деҳаҳои Кӯҳистони Масчоҳу ҳавзаи Искандаркӯл аз зумраи ин гуна обҳо мебошанд. Вале чашмаҳою обҳои мусаффояшон талаботи аҳолии водии Зарафшонро таъмин карда наметавонанд. Масалан, хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои саноатӣ, бахши тандурустӣ ва умуман аҳолии маркази ноҳияи Айнию деҳаҳои Зеробод, Дардар, Искодар ва дигар минтақаҳои аҳолинишин аз нарасидани об танқисӣ доранд, гарчанде ҳудудашон аз обҳои зеризаминӣ бой аст. Чунин танқисӣ ва норасоии оби нӯшокӣ дар бархе аз деҳоти шаҳри Панҷакент низ ба мушоҳида мерасад.
Чашмаҳои ағбаи Анзоб дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Ҳисор, 8 км шимолтар аз нуқтаи ағба, дар баландии 3179 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, аз байни шибарзорҳо таври ҷӯйчаҳо ҷорӣ мешавад. Оби ин чашмаҳо аз рӯйи таркибашон карбонатӣ, хунуки оҳанугаздор ва нӯшиданибоб буда, масрафашон (дебит) то ба 0,5 – 0,7 литр/сония мерасад. Бояд тазаккур дод, ки истифодаи саноатии ин обҳо ҳоло ба роҳ монда нашудааст. Илова бар ин, дар муқобили чашмаҳои Анзоб, дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор оби минералии Сангхок воқеъ аст. Аз рӯйи бисёр хусусиятҳояшон чашмаҳои Анзоб ва Сангхок ба ҳамдигар монанд буда, ба гурӯҳи чашмаҳои нарзан дохил мешаванд.
Чашмаҳои Такикамар ва Новибметак дар соҳили чапи рӯди Яғноб рӯ ба рӯйи деҳаи Анзоб ҷойгир шудаанд. Оби чашмаҳои мазкур аз чашмаҳои ағбаи Анзоб бо чунин хусусият фарқ мекунанд, ки таркибашон камнамактар асту дар таркибашон силитсий доранд. Чашмаи Обишир, ки дар минтақаи кони маъдани сурмаи Ҷиҷикурӯд воқеъ гардидааст, оби хунуктар буда, бӯи гидрогенсулфураш доимо ба димоғ мезанад.
Яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои водии Зарафшон ҳудуди деҳаи Вешаб аст, ки дар ин минтақа беш аз 30 чашмаҳои обҳои мухталифдошта ҷойгир шудаанд, ки онҳо ба қисмати таркибии обҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон мансубанд.
Нокифоя омӯхта шудани обҳои зеризаминии ҳавзаи дарёи Зарафшон имконият намедиҳад, ки ба фаровонии обҳои зеризаминии ҷинсҳои палеозой баҳои воқеӣ дода шавад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда аз ҷиҳати фаровонии миқдори чашмаҳо, об ва масрафашон чашмаҳои оҳаксангии палеозой ҷойи аввалро соҳиб мебошанд. Дар мавзеъҳое, ки ҷинсҳои оҳаксангӣ инкишоф ёфтаанд, баъзан чашмаҳои обашон фаровонро вохӯрдан мумкин аст. Ҳамин тавр, чашмаҳои обашон фаровон ба шикастаҳои калон ва ҷинсҳои оҳаксангӣ алоқаманд мебошанд. Гуфтан бамаврид аст, ки маъданнокии обҳои ҷинсҳои оҳаксангӣ ва санги хоро нисбат ба оби ҷинсҳои варақсангӣ пасттаранд. Чашмаҳои аз тарқиши санги хоро берунбароянда, масрафи ками об дошта, бештар дар маҳалҳои баландкӯҳ воқеъ гардидаанд, ки ин ҳолат хоси ҳавзаи дарёи Зарафшон аст.
Номвар ҚУРБОНОВ, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон