Пули мошингузари «Дӯстӣ» мавриди истифода қарор гирифт

№117 (4067) 01.10.2019

230 сентябри соли равон бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров дар минтақаи сарҳадии Овчӣ — қалъачаи Тоҷикистон ва Қулундии Қирғизистон пули мошингузари «Дӯстӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Он, ки бар асари борони сел чанд сол пеш вайрон шуда буд, бо маблағгузории ҳар ду тараф бунёд гардид ва 12 метр дарозиву 8 метр паҳноӣ дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Акрам Мадумаров дар маросими баистифодадиҳии пули «Дӯстӣ» иброз доштанд, ки сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ минбаъд метавонанд озодона равуо намуда, муносибатҳои дӯстонаро таҳким бахшанд.

Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков таъкид карданд, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебаранд ва бояд дар оянда низ бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ тифоқу аҳлона зиндагӣ намоянд.

АМИТ «Ховар»