«Равзанаи ягона» хизмат мерасонад

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

ҒОНЧӢ. ( Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар доираи Лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид ва тибқи қарори раиси ноҳияи Ғончӣ «Дар бораи тадбирҳои тақвияти фаъолияти «Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ ва иттилоот дар ноҳия»  қабули шаҳрвандон бо усули равзанаи ягона, яъне якҷоя бо сохторҳои масъули ноҳиявӣ дар ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда шудааст.

Тариқи «Равзанаи ягона», ки тӯли як сол боз амалӣ мешавад, 291 нафар сокинони ноҳия бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмин шудан бо ҷойи кор, ёрии моддӣ ва сари вақт дастрас намудани нафақа муроҷиат намудаанд, ки аксарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ин иқдоми нек минбаъд дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба роҳ монда хоҳад шуд.