Таъсиси беш аз ҳазор ҷойи нави корӣ

№101 (3086) 08.08.2013

ХУҶАНД. ( Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз ҳазор ҷойи нави корӣ созмон дода шудааст. Ин теъдод ҷойи корӣ дар натиҷаи бунёди даҳ корхонаи хурду миёна дар ҳудуди шаҳр таъсис ёфтааст.

Аксари корхонаҳои бунёдёфта коргоҳҳои бофандагӣ мебошанд, ки дар онҳо бештар занону духтарон бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар назар аст, ки бо бунёди коргоҳҳои нав то охири соли равон боз қариб ҳазор нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кори доимӣ гарданд.