Тантанаи «9000»-умин шумора

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

Шумораи 9000 -уми  рӯзномаи «Паёми Истаравшан»- нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз чоп баромад. Тибқи қарори раиси шаҳри Истаравшан, моҳи ноябри соли 2012-ум  80-солагии ин рӯзномаро дар Истаравшан ботантана ҷашн гирифтанд. Шоир Мирзомурод Ҳошимзода зиёда аз 20  сол аст, ки  сарварии ҳайати эҷодии рӯзномаро ба уҳда дорад. Номбурда  узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии  ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ ва муаллифи чандин китобҳои назмию насрӣ мебошад. Хабарнигорамон  бо М. Ҳошимзода муҳоварае бахшида ба фаъолияти «Паёми Истаравшан» орост.

-Шумораи 9000- умини рӯзнома муборак бошад.

-Ташаккур. Дар ҳама давру замон нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа басо бузург буда, он дар ташаккули афкори ҷомеа ва   мардум  нақши муассир дорад, зеро ҷомеа ба рӯзнома, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳама шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз асолатҳои  бунёди ҷомеаи озоди демократӣ мебошад.

Идораи рӯзнома бошад, даргоҳи муқаддас ба шумор рафта, аксари адибони маъруф ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз ин ҷо оғоз бахшидаанд ё ба воситаи ҳамкории доимӣ дар рушду нумуи матбуоти миллӣ саҳми босазо гузоштаанд. «Паёми Истаравшан» яке аз рӯзномаҳои куҳантарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он дар солҳои аввали ташкилёбиаш бо номҳои «Колхозчӣ», «Роҳи сотсиализм» ва «Роҳи коммунизм» чоп мешуд

- Нахустин муҳаррирони рӯзнома киҳо буданд?

- Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки нахустин шумораи рӯзнома бо номи «Колхозчӣ» дар матбааи ноҳияи Нов (ҳозира Спитамен) 1 майи соли 1932 рӯйи чопро дид ва нахустин муҳаррири он Сайфулло Қурбонӣ (Ваҳдӣ) буда, сипас ба ин вазифа   яке аз машъалбардорони маърифати шаҳр  Махкам Юлдошев таъин гардид. Матбаа дар шаҳри Истаравшан охирҳои соли 1932 ташкил ёфта, рӯзнома тайи 70 сол аст, ки дар ҳамин ҷо ба нашр мерасад. Моҳи майи соли 2000 рӯзнома номи «Паёми  Истаравшан»-ро гирифт.

- Ин лаҳза месазад номи нахустин хабарнигорон ва машъалафрӯзони ҷаридаро ба хотир овард…

-Бале, ташкил ва  ташаккули рӯзнома солҳои аввал ба номҳои журналистони варзида Баҳриддин Азизӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ноил Шерзода, Лутфӣ Обидхӯҷаев, Сайфулло Қурбонӣ (Ваҳдӣ), Бақозода (Ахтарӣ), Ҳабибулло Фозилӣ, Бобоҷон Фозилов сахт марбут аст. Навиштаҳои танқидии онҳо, ҳам фелетону ҳам ҳаҷвияҳо, синоне буданд бар зидди душманони синфӣ, қаллобону ҳаққи мардумхӯрон, дуздон, мансабдорони дастбахато.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва давраи баъдиҷангии барқароркунии мамлакат Солеҳ Аҳрорӣ, София Мираҳмадова, Отаҷон Додоев, Баҳодури Файзуллоҳ, Ҳазратқул Баротов, Муллоҷон Гадоев, Ато Акбарӣ, Раҳим Солиев, Исроили Иброҳим, Минҳоҷ Баҳриддинов, Нӯъмон Ёқубов ҳамчун ҷорчиёни фаъол дар саҳифаҳои рӯзнома халқро ба ҳимояи Ватан, якдилӣ, ваҳдат даъват мекарданд. Навиштаҳои онҳо мардумро ба меҳнати зарбдорона,  сохтмону бунёдкориҳо ҳидоят менамуд.

Дар авроқи рангини таърихи рӯзнома Раҳим Ҳайдаров, Абдуҳафиз Ғафуров, Барот Муродов, Норбой Рӯзиев, Неъмати Бобоҷон, Бақо Шарофов, Субҳон Мухторов, Наимҷон Назирӣ, Расул Носиров, Қаюм Зиёро метавон илова кард.

Рӯзнома мактаби бузурги тарбия аст. Дар ин даргоҳи муқаддас даҳҳо нафар шоирон ва нависандагон ба камол расидаанд ва имрӯз хонандаи  тоҷик онҳоро хуб мешиносад. Дар радифи устодони сухан Баҳриддин Азизӣ, Ноил Шерзода, Лутфӣ Обидхӯҷаев , Суҳайлӣ Ҷавҳаризода мо номҳои онҳоеро ба забон меорем, ки дар майдони фарохи адабиёти тоҷик саҳми муносиб ва арзанда доранд. Нахустин чакидаҳои қалами Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ Саидалӣ Маъмур, Корманди шоистаи Тоҷикистон Наимҷон Назирӣ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил Неъмати Бобоҷон, дорандаи  нишони «Сухан» Раънои Зоирдухт  маҳз дар рӯзномаи мо рӯйи чопро дидаанд.

- Шумо зиёда аз ду даҳсола боз сарварии ин  рӯзномаро  бар дӯш доред. Оё сармуҳаррирӣ кори  вазнин ва масъулиятталаб нест?

- Рости гап, дар соҳаи матбуот фаъолият кардан, ба назари ман, як имтиҳони сахтест, ки ба он бояд шахси эҷодкор доимо омода гардида, аз  воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва вилоят огоҳу бархӯрдор бошад. Ман худро парвардаи ин рӯзнома медонам, азбаски шавқу ҳаваси эҷодкорӣ дар замирам ҷой дошт ва чакидаҳои қаламам дар саҳифаҳои ин рӯзнома рӯйи чоп меомаданд, зиндагӣ худ маро ба ин даргоҳи муқаддас ҳидоят намуд. Инак, 23 соли расост, ки рӯзгори банда бо ин рӯзнома тавъам буда, дар ин вазифаи пурмасъулият заҳмат мекашам.

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар идораи рӯзномаи «Паёми Истаравшан» як гурӯҳ эҷодкорон машғули фаъолиятанд, ки маҳорати касбии баланд, ҷаҳонбинии васеъ, қалами бурро, андешаи мустақил, услубу назари хоси худро дошта, анъанаҳои неку шоистаи рӯзноманигорони наслҳои гузаштаи моро бомуваффақият идома медиҳанд ва соҳиби мактаби хоси худ низ мебошанд

Инҳо: Расул Носир, Ҳикматуллоҳи Насруллоҳ, Султонмурод Ҳоҷибоев, Илҳом Юлдошев, Хосият Фатҳуллоева ва Нуринисо Додоҷонова дар ин ҷодаи мушкилписанд моро ҳамроҳӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки Нуринисо Додоҷонова зиёда аз 40  сол, Ҳ.Насруллоҳ ва С.Ҳоҷибоев зиёда аз 30 сол инҷониб хидматгузори ин даргоҳ мебошанд.

Ба муносибати ҷашни 80- солагии рӯзнома мо, кормандони рӯзнома бо   хонандагони мактабҳои шаҳр мулоқотҳо оростем. Ба шарафи ҷашнвораи рӯзнома шумораи махсус таҳия ва нашр шуд, ки фарогири ҳама паҳлуҳои рӯзгори ҷарида буд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳр китобе иборат аз даҳ ҷузъи чопӣ бо номи «Раҳоварди қалам» нашр кардем, ки намунаҳои эҷоди рӯзноманигоронро, ки дар ин рӯзнома кор кардаанд, дар бар мегирад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»