Тухмии босифат – кафолати ҳосили дилхоҳ

№83 (3229) 30.07.2014

Мухбирамон бо мудири бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Алишер Дадобоев оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ва ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» суҳбат намуд, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагони рӯзнома мегардад. 

Мавсуф минҷумла гуфт, ки таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии сертификатсиякунонидашуда яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ   ба  ҳисоб  меравад.

Бояд тазаккур дод, ки баҳри таъмини рушди устувори соҳа тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 таҳти №297 «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» қабул гардидааст.

Соли равон бобати азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, ташкили марказҳои хизматрасонӣ, ворид намудани тухмиҳои навъҳои баландҳосили зироатҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз 9 декабри соли 2013 таҳти № 287  «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 29 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии нав ташкил гардидааст, ки дар онҳо 77,2 ҳазор нафар саҳмдорон фаъолият доранд.

Баҳри расонидани кумак ба хоҷагиҳои навташкил дар вилоят 887 марказҳои хизматрасонӣ таъсис дода шуд, ки аз он 575 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ, 61 нуқтаҳои фурӯши тухмиҳо, 62 адад фурӯши нуриҳои минералӣ, 33 адад нуқтаи фурӯши ниҳолҳо ва 109 адад нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ маҳсуб меёбанд.

Селексия ва тухмипарварӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Дар чор стансияҳои навъсанҷии вилоят 15 навъи тезпазу 13 навъи миёнапази пахта, ҳашт навъи пахтаи маҳиннах, 22 навъи гандум, ду навъи ҷуворимакка барои дон, ду навъи ҷуворимакка барои силос, ҳашт навъи рапс, панҷ навъи пиёз, ду навъи пиёзи анзур, ду навъи помидор, се навъи сабзӣ, панҷ навъи картошка ва ду навъи шолӣ мавриди санҷиш қарор доранд.

Соли равон дар мавсими кишт намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба вилояти Хатлон сафар намуда, зиёда аз 768 тонна чигити тухмии навъҳои туркӣ ва амрикоиро ба вилоят ворид карданд. Ғайр аз ин, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 53 тонна чигити тухмӣ ворид гардидаст.

Ҳамзамон дар вилоят 11 хоҷагии пахтакорӣ навъҳои аз тарафи селексионерони вилоят ихтироъшудаи «Ориёӣ», «Хуҷанд-67», «Неъмат», «Деҳқон» ва «Ирам-1»-ро кишт намуданд.

Кишоварзони вилоят дар ин самт ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои тоза низ доранд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи лучкунии пунбадона фаъолият дошта, иқтидори он 2-3 тонна дар як соат мебошад. Соли ҷорӣ марҳила ба марҳила ба кор даровардани корхона ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо тухмии серҳосил имкониятҳои хоҷагиҳои ғаллакори шаҳри Исфара дар истеҳсоли гандуми тухмӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, хоҷагиҳои ба номи Ҳ.Мукаррамов, Чилгазӣ, Чоркӯҳ ва Навгилем ҳамчун хоҷагиҳои базавӣ интихоб карда шуданд. Давоми солҳои 2010-2014 хоҷагиҳои мазкур дар маҷмӯъ ҳамасола 300-400-тоннагӣ гандуми тухмӣ истеҳсол ва барои фурӯш ба хоҷагиҳои кишоварзии вилоят пешниҳод намуданд.

Бо усули биотехнология истеҳсол намудани маводи солими киштшавандаи картошка дар мавзеъҳои Басманда ва Овчии ноҳияи Ғончӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба роҳ монда шудааст. Дар ин мавзеъҳо навъҳои «Кардинал», «Пикассо» «Биг Роза» ва «Red Fantasy» парвариш ва ба хоҷагиҳои картошкапарвар пешниҳод мешавад. Аз ноҳияи Ғончӣ ба дигар ноҳияҳо ҳамасола 200-210 тонна картошкаи тухмии бо ин усул истеҳсолшуда фурӯхта мешавад.

Ҳадаф аз таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии хушсифат рӯёнидани ҳосили фаровону хушсифат ва амалӣ намудани ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад.

Таҳияи  Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»