«Ваҳдат — кафили сарҷамъию пирӯзии мо»

№69 (3215) 26.06.2014

Бо ибтикори Комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдат – кафили сарҷамъию  пирӯзии мо» конференсияи илмию  назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсия кормандони масъули ҳизб, фаъолон, донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳия, литсейи касбӣ – техникии  №76, литсейи №2 ва кормандони Ҷамоати шаҳраки «Меҳнатобод»  иштирок намуданд. Зикр гардид, ки дар таъмини рӯзгори босаодати аҳли ҷомеа нақши Ваҳдати миллӣ беназир аст.

Мухтори АБДУЛЛО,  «Садои мардум»