Вохӯрии Қоҳир Расулзода бо Сафири ИМА

№44 (3029) 09.04.2013

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд омада буд, мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, равобити босамари Ҷумҳурии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро  дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, илму фарҳанг, махсус зикр доштанд.

Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот  таъкид дошт, ки солҳои охир  имкониятҳои содиротии вилоят, бахусус дар самти содироти меваи хушк,  боз ҳам афзоиш ёфтааст ва дар ин бобат таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба  ба манфиати кор хоҳад буд.

Сюзан Эллиот  таъкид  намуд, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ба рушди соҳаи саноати сабук, инчунин масъалаҳои  ҳуқуқи башар, озодии баён, мусоидат дар рушди маорифу фарҳанг таваҷҷуҳи бештар  хоҳад кард.

Сюзан Эллиот дар ҷараёни  сафар аз «Гӯшаҳои Америка» дар Хуҷанд дидан карда, чунин гӯшаро дар шаҳри Исфара ифтитоҳ намуд.

 

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»