Ярмаркаи ҷойҳои холии кор

№44 (3029) 09.04.2013

ШАҲРИСТОН. ( Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷмандон бо ҷойи кори доимӣ дар ноҳия ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор шуд. Дар он 7 корхона 43 ҷойи кори холӣ пешниҳод карданд, ки музди меҳнаташон аз 200 то 601 сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои корманди масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия Ш. Eлмасов дар ин чорабинӣ шаҳрвандон фаъолона ширкат варзида, панҷ нафар соҳиби роҳхат, ду нафар бо ҷойи кор таъмин ва  панҷ нафар ба касбомӯзӣ фиристода шуданд.