Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Спитамен

№68 (3053) 08.06.2013

Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен ярмаркаи ҷойи кори холӣ баргузор намуд. Бино ба гуфтаи корманди масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Пирмуҳаммад Пиров, дар ярмарка муовини аввали раиси ноҳия Умедҷон Ҳафизӣ ва сардорону масъулони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд. Дар ноҳия солҳои охир чунин ярмаркаҳо барои бекорон мунтазам доир гардида, ҳамчунин курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда мешаванд.

Чанде пеш 20 нафар шаҳрвандони бекор курси кафшергари газию барқӣ ва қаннодиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Инчунин дар муддати чор моҳ аз ҷониби шуъбаи мазкур 272 нафар бекор ба қайд гирифта, ба 226 нафарашон мақоми бекор дода шудааст. Бо ҷойи кори доимӣ 213 нафар, бо квотаи махсус 15 нафар таъмин гардида, 1129 ҷойи нави кор таъсис шудааст. Ба 21 нафар бекорон кӯмакпулӣ таъин гардида, ба 60 нафари онҳо ба маблағи 13234 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шудааст.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»