Дар партави Паёми Президент

Заминаҳои нав барои рушду тараққии оянда

№71 (3056) 13.06.2013

- Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои рушду тараққии минбаъдаи кишвар, шукуфоии Ватанамон заминаҳои мушаххасро муҳайё месозад,  фарогири тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Шаҳристон Наим Муқимов.

-Кадом паҳлуҳои ин санади арзишманд ба рушди минбаъдаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Шаҳристон мусоидат менамоянд? -мепурсам аз  ҳамсуҳбатам.

-Дар Паём таъкид гардид, ки оид ба масъалаи маданияти заминдорӣ, истифодаи васеи тухмии хушсифат ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои холимонда, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, бунёди боғу токзорҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, инчунин васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад, -мегӯяд дар ҷавоб ӯ. -Чун ноҳияи Шаҳристон асосан аграрӣ маҳсуб меёбад, оид ба татбиқи ин нуктаи Паёми Сарвари давлатамон эътибори махсус дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки нишондиҳандаҳои кишоварзиро аз нақша зиёд ба иҷро расонем.

Шаҳристон мавзеи хушбоду ҳаво ва зебоманзари вилояти Суғд ба ҳисоб меравад ва барои рушди ҳам туризми дохилӣ дар ин минтақа  ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ шароити  мусоид дорад.

-Аз ин рӯ, -гуфт раиси ноҳия Наим Муқимов, -Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Паём аз ҷумла чунин таъкид намуданд: «Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки рушди туризм ҳамчун яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад».

Дар ноҳияи мо зиёда аз 40 адад ёдгориҳои таърихию мазору зиёратгоҳҳо, чашмаҳову осори дигари тоисломӣ мавҷуд мебошанд. Ин ёдгориҳои мавҷуда, кӯҳҳои Шаҳристон, ки бо дарахтони ҳамешасабзи арча рӯйпӯш шудаанд, обу ҳавои тоза, табиати нотакрорашон барои рушди туризм дар ноҳияи Шаҳристон хеле мусоид мебошад. Дар кӯҳсори ноҳия ангат, хуч, бодоми кӯҳӣ, зирк, пиёзи анзур, зағоса (эфедра) ва ғайра мерӯянд ва онҳо барои рушди минбаъдаи корхонаҳои хурди дорутайёркунӣ  манбаи асосӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, мо Барномаи махсуси рушди туризм дар ноҳияро дар давраи солҳои 2010-2014 таҳия ва қабул кардем, ки он  стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм тӯли давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.     Мувофиқи ин Барнома, айни ҳол баҳри ривоҷ додани соҳаи туризм дар ноҳия даҳҳо иншооти таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои истироҳатӣ, ки дар дараҳои Охтангӣ ва Истиқлол ҷойгиранд, оид ба обод ва зебо гардидани ин мавзеъҳои номбаргардида аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо масъулини ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ шуда истодаанд.

Омили муҳими рушди туризм дар ноҳия ин рушди туризми иҷтимоӣ, аз ҷумла туризми бачагона мебошад. Ба ҷуз ёдгориҳои таърихию дараю мавзеъҳои зебоманзар, дар ноҳия ҳамчунин ҳафт лагер  мавҷуд аст, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда, дар мувозинаи дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошта, «Рудоба», «Чашма», «Бодомча», «Эделвейс» ва «Парасту» ном доранд. Онҳо барои сайёҳони наврас мутобиқ карда шуданд ва ҳамаашон ба қабули истироҳаткунандагон тайёранд.

Баҳри нигоҳ доштани чунин ёдгорию обидаҳои  таърихию фарҳангӣ, ки дар ҳавои кушод ҷойгиранд, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби сармояи соҳибкорон зиёратгоҳҳои воқеъ дар деҳаҳои Ободӣ ва Шаҳристон таъмир шудаанд.

Барои тоза ва обод гардонидани мавзеъҳои истироҳатие, ки дар дараҳои зебоманзари Охтангӣ ва Истиқлол ҷойгиранд, аз тарафи масъулини ин соҳа корҳои ободонию бунёдкорӣ гузаронида мешаванд. Чунин як осорхона дар бинои нави китобхонаи марказии ноҳия ташкил шудааст, ки баёнгари қадимияти ин мавзеъҳо мебошад.

Инчунин мо бо мақсади ташаккули инфрасохтори туризми экологӣ дар худудҳои махсус муҳофизатшаванда дар ноҳия нақшаи сохтмони боғи фарҳангӣ- фароғатиро дар назди Қалъаи «Қаҳ-Қаҳа» ба назар гирифтаем ва барои ин кор панҷ гектар замин чудо гардида, ҳуҷҷатгузорӣ дар арафаи анчомёбист.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон, мегардад. Мо ин санади муҳиму тақдирсози миллатамонро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода,  иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа таъмин менамоем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»