ВМКБ. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат амалӣ мегарданд

№127 (3921) 20.10.2018

Ё бардошт аз машварати фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

ПомирҲафтаи равон бо иштироки раи­си Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид­муъмин Ятимов ва прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод маҷлиси фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ шуд.

- Бо мақсади амалисозии дас­туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (15 сентябри соли 2018) дар шаҳри Хоруғ Ситоди доимоамалкунандаи байниидоравии мақомоти таъминоти амният дар вилоят таъсис ёфт, ки дар давоми як моҳ дар ин самт тадбирҳои ҷиддии амалиро роҳандозӣ намуд, — изҳор дошт иҷрокунандаи вазифаи ­раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидмуъмин Ятимов таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии тамоми ободкорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, маҳз бо талошу ҷонбозӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашт, ба ҳам омад ва сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон барқарор гардид. Пешвои миллат дар он солҳои мудҳиш, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва парокандашавии миллат ба миён омада буд, бо нангу номуси ҷавонмардона ҷонашонро зери хатар гузошта, давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ фароҳам оварданд.

Таъкид гардид, ки ҳар як сафари Пешвои миллат ба минтақаҳои гуногуни кишвар дар пайи худ ободкориро ба бор меорад. Аз ҷумла, зимни сафари Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ — Корхонаи коркарди маъдан ва Неругоҳи барқи обии «Тоҷикис­тон» мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 иншооти таъиноти гуногун ба маб­лағи зиёда аз 890 миллион сомонӣ бо истифода аз манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки аз таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ба рушду ободонии ин гӯшаи дурдасти кишвар гувоҳӣ медиҳанд.

Бо ёдоварӣ аз ташаббуси нав­батии Пешвои миллат ҷиҳати таҷлили солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ Саидмуъмин Ятимов  изҳор дошт, ки ин иқдом боз як намунаи қадршиносии Роҳбари давлат нисбат ба сокинони ин минтақаи баландкӯҳ ба шумор меравад. Ин нияти нек ҳар сокини солимфикри вилоятро водор месозад, ки баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихӣ омодагии ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дида, дар вусъати корҳои созандагӣ саҳмгузорӣ намояд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки ба хотири истиқболи арзанда аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилоят бунёду азнавсозии 90 иншооти таъиноти гуногун бо маб­лағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ дар назар аст.

Дар баробари ин, аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки на ҳама сокини вилоят ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат бо самимияту садоқат ҷавоб мегардонанд. Даст задани қисмати муайяни ҷавонону наврасон ба ҷинояткорӣ, аз қабили нигоҳдории силоҳи ғайриқонунӣ, даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз мушкилоти асосӣ унвон карда шуд ва таъкид гардид, ки ояндаи миллат аз дараҷаи дониш, шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи насли имрӯза вобастагии ҷиддӣ дорад. Роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба тарбияи насли ҷавон таъсир мегузоранд ва онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Маҳз бо тавсия ва дастгирии ин гурӯҳҳо ҷавонон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.

- Бо дарназардошти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини волоияти қонун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд шахсоне, ки ба амалҳои ҷинояткорона даст мезананд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои ҷинояти содирнамуда ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт, зеро ягон кас ҳуқуқ надорад, ки ба хотири манфиати шахсӣ суботу оромии бо ҷонбозиҳои бемисл бадастовардаи Пешвои миллатро халалдор созад, — гуфт Саидмуъмин Ятимов.

Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки дар давоми як моҳи ҳисоботӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ихтиёран ба Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят 183 адад силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ супорида шудааст, ки 75 адад автомати Калашников, се адад пулемёти Калашников, 30 адад норинҷаки дастӣ номгӯйи нопурраи онҳоянд. Ҳамчунин, ихтиёран ба мақомот ҳозир шудани қисми муайяни нафароне, ки дар кофтуков қарор доштанд, боиси қайд аст. Ин амали онҳо гувоҳӣ медиҳад, ки дар маҷмӯъ, амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини волоияти қонун аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ ва дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст.

Зикр шуд, ки аҳолии осоишта бояд аз фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини волоияти қонун ва ҳузури ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар таҳлука набошанд, зеро онҳо дар дохили мамлакат дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳуқуқи пурра доранд, ки дар мавзеъҳо дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ амалиёти лозимаро роҳандозӣ намоянд, ки аз амалиёти ҷангӣ ба куллӣ фарқ дорад.

Таъкид гардид, ки минбаъд бояд роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои дигари масъул, ки таъмини волоияти қонун аз онҳо вобаста аст, зимни фаъолият масъулияти боз ҳам ҷиддитарро эҳсос намуда, баҳри вусъати корҳои ободониву созандагӣ шароити мусоид фароҳам оранд.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод — прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ёдоварӣ аз талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ҷиҳати таъмини суботу оромӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд гуфт, ки мутаассифона, шахсони алоҳида волоияти қонунро риоя накарда, нисбат ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки ба рушди босуботи кишвари азизамон равона гардидаанд, носипосӣ мекунанд. Таъкид шуд, ки имрӯз давлат қодир аст бо истифода аз имконоти воқеӣ волоияти қонунро дар ҳама гӯшаю канори кишвар пурра таъмин намояд. Ҷамъоварӣ гардидани миқдори муайяни силоҳ дар давоми як моҳ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар дасти аҳолӣ ҳанӯз ҳам силоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст ва то силоҳи охирин мусодира нашавад, дар бораи таъмини амнияти аҳолии осоишта ҳарф задан бармаҳал аст.

- Аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар мавзеъҳои зери таъсирашон бо қонунҳои олами ҷиноӣ амал мекунанд, ки барои ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад, — изҳор дошт Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва идома дод:

-  Дар баробари дигар қонунвайронкуниҳое, ки дар ҳудуди вилоят ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин, шахсони алоҳида аз бонкҳои дар вилоят фаъолияткунанда миқдори калони маб­лағро чун қарзи бонкӣ гирифта, бо вуҷуди кайҳо гузаштани муҳлати пардохташон онҳоро  барнагардондаанд. Масъулони як қатор бонкҳо бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ маблағи давлатро тасарруф намудаанд, ки боиси нигаронӣ аст. Таъкид шуд, ки дар сурати дар фурсати кӯтоҳтарин барқарор накардани маблағҳои зикргардида нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда мешаванд. Инчунин, аз риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори нигаронӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки баҳри амалисозии талаботи қонунҳои миллии мазкур тамоми аҳли ҷомеа бояд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки камбудиҳоеро, ки зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят аз ҷониби Пешвои миллат баён гардиданд, дар давоми як моҳ наметавон пурра бартараф намуд. Ба пуррагӣ аз таъсири гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ баровардани шахсоне, ки солҳо бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, ҷаҳду талоши ҷиддиро тақозо дорад. Вале ҷавобан ба он имконияте, ки Пешвои миллат ҷиҳати бе анҷом додани амалиёти низомӣ таъмин намудани волоияти қонун дар вилоят фароҳам оварданд, ҳар яки мо бояд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоем ва кӯшиш кунем, ки силоҳи дар дасти аҳолӣ мавҷуда пурра ба сохторҳои дахлдор супорида шавад, роҳбарону саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба ҳаёти муқаррарии осоишта бозгарданд.

Иштирокдорони машварат-одамони синну сол ва касбу кори гуногун аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷиҳати рушди босуботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки дар таъмини волоияти қонун дар минтақа саҳмгузорӣ менамоянд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»