ВМКБ. Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқ доир шуд

№152 (4002) 19.12.2019

Чанде пеш дар шаҳри Хоруғ Иҷлосияи ғайринавбатии бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати панҷум баргузор гашт, ки дар он ­масъалаҳо оид ба ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ ва комиссияи интихоботӣ оид ба гузаронидани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ, мутобиқи моддаи 7-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 66 ҳавзаи интихоботӣ ташкил гардид.

Тибқи моддаи 10-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва бо дарназардошти пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсии дар вилоят фаъолиятдошта, ­Комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳайати ҳафт нафар таъсис ёфт. Ба ҳайати он панҷ нафар намояндаи ҳизбҳои дар вилоят фаъолиятдошта ва ду нафар ғайриҳизбӣ шомил гардиданд.

Дар хотима оид ба масъалаҳои баррасишуда қарор қабул шуд.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»