ВМКБ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кард

№123 (4385) 02.10.2021

photo_2021-10-01_16-10-20~1Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро иҷро кард.

Ба ин муносибат якуми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов, раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар ноҳияҳо, сарбозон, кормандони сохторҳои маҳалливу қудратӣ, наваскарону волидони онҳо чорабинии тантанавӣ доир гардид.

- Мо — сокинони Бадахшон дар қалбу ниҳодамон аз ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ таассуроти бузург дорем. Баробари корҳои ободониву созандагӣ, ҳадяи беҳтарин, ки чанде пеш аз забони Пешвои миллат ҳам садо дод, хизмати ҳарбиро ба ҷо овардани ҷавонони ВМКБ мебошад. Зеро онҳо ин даъфа ҳам нақшаи даъватро бо сари баланд дар рӯзи якуми он иҷро намуданд, — гуфт Ёдгор Файзов.

Наваскарон баъди барномаи ҷолиби консертӣ ба қисмҳои ҳарбӣ гусел карда шуданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»