ВМКБ. Нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро шуд

№40 (3990) 11.04.2019

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пеш аз муҳлат иҷро гардид.

Муовини якуми раиси вилоят, раиси Комиссияи вилоятии даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонаботов гуфт, ки ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии  ҷавонон дар иҷрои қарзи фарзандӣ баҳри ҳифзи бехатарӣ ва музаффариятҳои ватани соҳибистиқлол, дарки масъулияти баланди волидон дар иҷрои ин вазифаи пуршарафи фарзандонашон, ҳамчунин кори пурсамари комиссияҳои даъватӣ ва кумаки бевоситаи  Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояту ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, ки мо тавонистем дар  даҳаи аввали моҳи апрел нақшаро  пурра ба иҷро расонем.

Маъракаи даъват дар  шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят дар асоси талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз 6 марти соли 2019 №1230 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ҷараён гирифт.

Маъракаи мазкур аз ҷониби комиссиҳои даъватӣ, аз ҷумла табибон, ба таври дақиқ ва бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои алоҳида ба роҳ монда шуд. Саҳми сохторҳои давлатӣ — шуъбаҳои фарҳанг, кумитаи кор бо ҷавонон, радиову телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма низ дар ҷараёни омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ калон аст.

Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»