Даъвати ҳарбӣ - 2020

ВМКБ. Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 103 фоиз иҷро шуд

№123 (4229) 03.10.2020

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон имсол ҳам дар мамлакат аввалин шуда нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро барзиёд таъмин намуд.

Ба ин муносибат 1 октябри соли равон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруѓ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси вилояти ВМКБ Ёдгор Файзов, роҳбарону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ, волидони наваскарон ва донишҷўён чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

- Боиси ифтихори сокинони вилоят аст, ки ҷавонон бо ҳисси баланди ватандўстӣ ба хизмати Ватан мераванд. Ин иқдом шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои дигар ҷавонони кишвар мебошад, — зикр кард Ёдгор Файзов.

Наваскарон баъди ҷамъомади тантанавӣ ва барномаи консертӣ ба қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар гусел карда шуданд.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»

Таъҷилӣ ба шумора

Вақте шумора ба чоп омода мегардид, иттилоъ гирифтем, ки шаҳри Норак низ нақшаи тирамоҳии сафарбарнамоии наваскарон ба хизмати ҳарбиро рўзи якуми он 100 дарсад иҷро ва фарзандони ватанпарасту далерашро ба хизмати Модар-Ватан зери унвони «Хизмати Модар-Ватан шараф аст» ботантана гусел намудааст.