ВМКБ. Нисбат ба вазъият бетараф набояд бошем

№11 (4431) 18.01.2022

Чанде пеш бо иштироки котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъазода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Раиси он зимни баромад аз бунёдкориҳо дар доираи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ маълумот дода, аз ҷумла иброз дошт, ки соли 2021 аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ сохт­мони иншооти гуногун ба маблағи умумии 1765 млн. сомонӣ идома ёфт.

- Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар нақшаҳои созанда масъалаи бунёди роҳҳоро яке аз соҳаҳои муҳиму ҳаётӣ арзёбӣ намуда, барои мардуми вилоят оғози бунёди шоҳроҳи Дарвоз – Ванҷ — Рӯшон ва корҳои лоиҳакашию асосноккунии роҳро дар қисмати дигари ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Хоруғ ва Мурғоб таъкид доштанд, — гуфт раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот.

Ӯ, ҳамчунин, дар бораи вазъи сиёсию идеологӣ, хусусан воқеаҳои охири моҳи ноябри соли гузашта дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ибрози назар карда, гуфт, ки барои ба эътидол овардани вазъ ва ба маҷрои муқаррарӣ даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мусоидати мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои муайян ба анҷом расиданд.

- Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят барои пешгирии минбаъдаи қонунвайронкуниҳо як қатор чораҳо, аз ҷумла ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандоне, ки на танҳо ба қазияҳо, балки дар дигар амалҳои зиддиқонунӣ низ даст дош­танд, чораҳои амалӣ андешида, минбаъд ҳам дар ин ҷода, фаъолиятро идома хоҳад дод, — ёдрас шуд раиси вилоят.

Зикр шуд, ки гурӯҳҳои кории мақомот аз ҳисоби роҳбарияти вилоят, масъулини идораву муассисаҳо, собиқадорон, бонувон ва ҷавонони фаъол дар шаҳру ноҳияҳо бо мардум мулоқоту вохӯрӣ баргузор намуда, аҳли ҷомеаро ба риояи тартибот даъват намуданд. Зимнан, пешниҳодҳои аҳли ҷомеа ва ашхоси ҷудогона ба назар гирифта шуда, дар доираи имконият, баъзе аз масъалаю мушкилот ҳал ва бобати бартараф намудани норасоиҳои дигар тадбирҳо андешида шуда истодаанд. Дар маҷмӯъ, ҳоло вазъ ором буда, волоияти қонун ва тартибу низом таъмин мебошад.

Қайд гардид, ки бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам баъзе аз зуҳуроти манфӣ барои пурра ба эътидол овардани вазъият ва фаъолияти гус­турдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ монеа эҷод мекунанд.

 - Ашхоси ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои ҳаммаслаки онҳо, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун хилофи роҳандозии манфиатҳои ғаразноки онҳост, нисбат ба мақомоти давлатӣ, кормандони алоҳидаи давлатӣ, шахсони фаъолу ватандӯст ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ ҳар гуна маълумоти иғвоангез ва буҳтону суханони таҳдидомез паҳн намуда, дар байни мардум хусумату бадбиниро ба миён овардан мехоҳанд. Дар ин раванд, гурӯҳе аз зодагони Бадахшон, ки айни ҳол, дар муҳоҷирати меҳнатӣ, берун аз кишвар қарор доранд, бо ҳар гуна муроҷиатнома баромад намуда, рӯирост мардумро ба итоат накардан ба қонун ва эътироз даъват менамоянд, — ёдовар шуд раиси ВМКБ ва таъкид кард: — Аз номи мардуми шарифи шаҳри Хоруғ ва умуман, вилоят, ягон кас ба ҷуз сокинон ва намояндагони онҳо дар мақомоти намояндагӣ ҳаққу ҳуқуқи баромад кардан надоранд. Гузашта аз ин, дар байни он муроҷиаткунандагон афроде ҳастанд, ки барои содир намудани ин ё он ҷиноят дар ҷустуҷӯи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.

- Зимнан, мехоҳам ба аҳли илму маърифат ва фарҳангу эҷод, яъне зиёиёни вилоят муроҷиат намоям, ки дар ҳамин вазъият бетараф набошанд, зеро бетарафӣ ва то ҷое масъулиятношиносӣ буд, ки ҳаёти маънавии ҷомеаи Бадахшонро ба буҳрон рӯ ба рӯ намуд, — таъкид кард Алишер Мирзонабот.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ба хотири пойдории субот ва халал наёфтани тартибу интизом зарур аст, ки дар самти ташвиқу тарғиби таърихи пурифтихори миллат, волоияти қонун, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат, ҳифзу ­ҳимояи арзишҳои волои миллию инсонӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаёти маънавии ҷомеа тадбирҳои бештар роҳандозӣ гарданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»