70 кг маводи мухаддир мусодира шуд

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

ВМКБ. ( Шоҳтолиб  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Зимни  гузаронидани амалиёти муштараки фаврӣ дар марзи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон, ки аз ҷониби раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ВМКБ  ва сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян  ва дастгир намудани қочоқчиён гузаронда шуд, дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Пашори деҳоти «Поршинев» байни марзбонону қочоқчиён тирпарронӣ ба амал омад ва қочоқбарон ба тарафи Афғонистон фирор намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар ин минтақа  70 килограм маводи мухаддири навъи  гашиш дарёфт гардид.

Аз ҷониби шуъбаи тафтишотии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ин  ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.