Арақи пастсифат нобуд карда шуд

№54 (3039) 06.05.2013

Чанде пеш  Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   якҷо бо намояндагони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, нозироти андози шаҳри Хоруғ ва маркази санитарӣ — эпидемиологии  вилоят дар анбори нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории соҳибкор Гуланор Одилбекова, воқеъ дар бозори 20- солагии Истиқлолияти шаҳри Хоруғ рейди  муштарак гузаронданд. Дар  натиҷа, аз анбори мазкур 1878 шиша машруботи спиртии зертамғаҳои  «Темурмалик», «Сомонӣ», «Русская марка», «Гандумӣ», «Тӯёна», «Идона», «Исфара», «Командирская», «Люкс» ошкор карда шуданд. Аз ин миқдор машрубот, ки 1158  ададаш бе тамғаи аксизӣ буд, аз тарафи Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо барои ташхиси лабораторӣ гирифта шуданд. Ташхис нишон дод, ки 1089 шиша арақи зертамғаи «Темурмалик», «Сомонӣ», «Русская марка», «Гандумӣ», «Тӯёна», «Идона», «Исфара», «Командирская», «Люкс» ба стандарт ҷавобгӯ нестанд. Дар онҳо моддаҳои кимиёвии алдегидҳо чанд маротиба аз меъёр зиёд буд, ки ба саломатии инсон хатарноканд.

Дар вилоят чунин арақҳои пастсифати моддаҳои зарарнокиашон аз меъёр зиёд бори аввал ба қайд гирифта мешавад.

Дар ҳузури коммиссияи салоҳиятнок ҳамаи 1089 шиша арақи ғайристандартӣ дар ҷойи махсус нобуд карда шуд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум