Боғи нав бунёд мегардад

№53 (3038) 03.05.2013

РӮШОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон, дар соҳили дарёи Панҷ дар майдони қариб ду гектар боғи нав бунёд мегардад. Дар боғи нав зиёда аз 800 бех ниҳоли себу шафтолу, зардолу, нок ва дигар дарахтони мевадиҳанда шинониданд.

-Бо иштироки кормандони идораву муассисаҳои ноҳиявӣ ва сокинони деҳа дар ин ҷо ҳашари умумӣ гузаронида шуд. Ниҳолшинонӣ бо маслиҳати мутахассисон ва деҳқонони соҳибтаҷриба анҷом гирифт,- мегӯяд  мудири  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Замир Қобилов.

Инчунин дар баробари ниҳоли дарахтони мевадиҳанда дар атрофи боғи мазкур ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ низ шинонида шуд.