Фаъолияти муассисаҳои табобатӣ беҳтар мегардад

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

- Бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ соли 2012 сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят суръат гирифт. Сохтмони беморхонаи вилоятии сил бо дастгирии Хазинаи глобалӣ ба маблағи 4 170 000 сомонӣ идома дорад, — мегӯяд,  сардори Раёсати тандурустии вилоят Саидбек Давлатбеков.

Дар маркази вилоят бинои филиали Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ, бинои маъмурии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва озмоишгоҳҳои он мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Маркази бемориҳои чашми вилоят бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ таъмир шуд.

Аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб ҷиҳати хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмири беморхонаҳои ноҳиявӣ 696 ҳазор сомонӣ  маблағ ҷудо гардид.

Бо дастгирии бевоситаи Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон дар беморхонаи вилоятӣ Маркази ташхиси минтақавӣ ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ таъмир шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ — ташхисӣ ба маблағи 850 ҳазор доллар таъмин гардид.