Хатҳои нави оби нӯшокӣ дар Дарвоз

№67 (3052) 06.06.2013

ДАРВОЗ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар деҳаи Кеврони деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд. Хати оби нӯшокӣ аз мавзеи Сари ҳавз аз масофаи 3,5 километр тавассути лӯлаҳои обгузар ба деҳа кашида шуда, ҳама сокинон аз он истифода мебаранд. Ин иқдом аз ҷониби яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ бо номи «Миссияи Шарқ» амалӣ гардид. Тавре роҳбари лоиҳа Афзалшо Насибов зимни суҳбат ба мо гуфт, айни ҳол дар ноҳия лоиҳаҳои «Таъмини оби тозаи ошомиданӣ» ва «Тақвияти меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар маҳаллаҳои осебпазири наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» амалӣ мешавад. Доираи ин тадбир 19 деҳаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 деҳаи Афғонистонро фаро мегирад.