Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд

№28 (3013) 08.03.2013

РӮШОН. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар маркази ноҳияи Рӯшон Маркази ҷавонон ба фаъолият шуруъ намуд. Биное, ки қаблан ба сифати театри халқӣ, хонаи фарҳанг ва кинотеатр хизмат мекард, акнун баъди пурра азнавсозӣ гаштан ба ихтиёри бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия супурда шуд. Дар ин ҷо барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва омӯзишӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Азнавсозии бино бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон анҷом дода шуд. Корҳои сохтмониро дар ин иншоот Ширкати «Оби ҳаёт»-и шаҳри Душанбе анҷом дод. Бо ин мақсад 730 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Айни замон дар маркази ноҳия сохтмони қасри фарҳанг барои 460 ҷойи нишаст идома дорад. Барои бунёди он аз буҷети давлатӣ 6,5 миллион сомонӣ равона шудааст. То имрӯз ба андозаи беш аз як миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба ҷо оварда шудаанд.