Номаи меҳру сипос

№83 (3229) 30.07.2014

Андар тани миллати куҳан ҷон омад,

Бо ҳукми қазову амри Яздон омад.

Аз баъди ҳазор соли  навмедиҳо,

Сомонии нав ба тахти Сомон омад.

Муҳтарам Сарвари ваҳдатофари мардуми сарбаланди тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Аз моҳи апрели соли 2009 инҷониб ба ҳайси мухбири минтақавии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият дорам.

Давоми ин муддат дар доираи иҷрои вазифаи хизматиам ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар намуда, бевосита шоҳиди сол то сол ободу зебо гардидани тамоми минтақаҳои вилоят гардидаам. Эътироф ва арҷгузорӣ менамоем, ки ин ҳама ободиҳо маҳз аз ғамхориву дастгириҳои Шумо маншаъ мегирад.

Танҳо давоми ду даҳсолаи охир аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки дар баробари ободонии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчунин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.

Зимни сафарҳои хизматиам ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бо одамони синну сол ва касбу кори гуногун вохӯрда, андешаҳои онҳоро дар бораи дастовардҳои айёми соҳибистиқлолии кишвар ҷамъ овардаам. Аз суҳбат бо мардум маълум мегардад, ки ҳамагон кушиш доранд, то бо анҷом додани амали созандае сиёсати бунёдкоронаи Шуморо дастгирӣ созанду дар ободонии як гӯшаи Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

Дар идомаи ин номаи пур аз меҳру ихлосу самимият мехостам андешаҳои чанд нафар сокинон ва зодагони ВМКБ-ро манзуратон созам.

Моҳбегим Сулаймонова- омӯзгор, дорои собиқаи кории зиёда аз 35 — сола:

- Солҳои 70-уми асри гузашта, ки айёми донишҷӯйии мо маҳз ба ҳамон давра рост омад, барои аз шаҳри Хоруғ ба Душанбе рафтан рӯзҳову ҳафтаҳо дар фурудгоҳ барои дастрас намудани чиптаи тайёра навбат меистодем, зеро он замон нақлиёти асосии байни шаҳри Хоруғ ва пойтахти кишвар ҳавопаймо ба ҳисоб мерафт. Дар фасли зимистон бошад, дар сурати номусоид будани обу ҳаво ҳангоми зарурат мардум маҷбур буданд, ки бо мошин тавассути ҳудуди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дар муддати 10-12 рӯз ба Хоруғ расанд.

Хушбахтона, баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои мардуми тоҷик ҳадяи Худовандист, шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки мушкилоти мардуми ин минтақаи кӯҳистони кишварро осон намуд. Имрӯз ҳар фард  метавонад дар вақти дилхоҳаш аз Хоруғ ба самти Душанбе тавассути ин шоҳроҳи бузург ҳаракат намояд. Чаро мо шукргузор аз чунин давлату давлатдорӣ набошем? Ҳар нафаре, ки ба қадри ин ҳама ободиҳои даврони истиқлолият нарасад, носипос ҳаст.

Холисамоҳ ҚОСУМБЕКОВА – собиқадори соҳаи савдо:

- Қариб 50 сол дар соҳаи савдо фаъолият намудаам, ки қисмати беши ин айём ба даврони шӯравӣ рост омад. Агар соҳаи савдои айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо он айём муқоиса намоем, фарқият хеле зиёд аст.

Дар он давра мардум чизҳои қиматбаҳоро танҳо тавассути шиносҳояшон метавонистанд аз анборҳои махсуси молнигоҳдорӣ (база) дастрас намоянд. Барои баргузории як тӯйи арӯсӣ ё домодӣ ду-се сол интизор мешуданд, то ҷиҳози муносибе ҷамъ оранд.

Боиси шодмонист, ки имрӯз ҳар сокини кишвар имкон дорад молу маводи дилхоҳашро аз бозору мағозаҳо бемамониат дарёфт намояд. Дар баробари ин, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои мардум шароити савдои озод муҳайё гардид, ки дар айёми шӯравӣ он ҷиноят маҳсуб меёфт. Имрӯзҳо бисёр сокинони деҳот аз ҳисоби фурӯши меваю сабзавоти истеҳсоли худӣ рӯзгори худро пеш бурда истодаанд, ки маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Роҳбари инсондӯсту бечорапарвари тоҷикон ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми минтақаҳои кишвар амалӣ шуда истодааст. Аз ин серию фаровонии хони мардум бояд шукрона намуд, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Сарвари оқили мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.

Камол ШАНБЕЗОДА – сарвари Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони қобилияташон маҳдуди «Нур»:

-Зиёда аз чил сол ба сифати табиби кӯдакон фаъолият намудам. Дар ин муддат бо кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногун вохӯрдаам. Ҳар гоҳе ягон кӯдаки имконияти ҷисмониаш маҳдуд (маъюб)-ро медидам, орзу мекардам рӯзе расад, ки чунин кӯдакони заиф аз ҷониби Ҳукумат ва мардум дастгирӣ ёбанд. Хушбахтона ин орзуям амалӣ гардид ва имрӯз ҳар нафари имконияти маҳдуди ҷисмонидошта имкон дорад, ки дар қатори афроди солим кору таҳсил намояд.

Роҳбари оқилу дурандеши мо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон ва маъюбонро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии хеш қарор дода, бо дастурҳои бевоситаи ин Сарвари инсонпарвар нафарони дорову саховатманд ниёзмандонро мунтазам дастгирӣ менамоянд, ки боиси дилгармии онҳо ба зиндагӣ мегардад. Чун ман роҳбарии Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони маъюбро ба уҳда дорам, бо боварии комил гуфта метавонам, ки фаъолияти чунин муассисаҳо яке аз дастовардҳои муҳиму бузурги даврони истиқлолият аст.

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Президенти кишвари мо ба ҳар ятиму маъюб ва ниёзманд муносибати падарона дошта, кушиш менамояд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхории пайвастаи Ҳукумат бошанд.

Зарифмо АСЛАМШОЕВА — корманди Шабакаи телевизионии CNN, зодаи ноҳияи Шуғнон, айни замон муқими иёлоти Атлантаи ИМА:

- Соли 1995 ҳамроҳи аҳли оилаам бо дарёфти «баргаи сабз» ба ИМА кӯч бастем. Ҳангоме ки аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Москва парвоз кардан мехостем, моро ҳолати тарсу ваҳм фаро гирифта буд, ки оё мо дар кишвари бегона зиндагӣ кардан метавонем? Чун он солҳо дар Тоҷикистони азизи мо нооромӣ буд, маҷбур ба мулки бегона рахти сафар бастем.

Хушбахтона, баъди чанд соле, ки ба Тоҷикистон баргаштам, онро ба куллӣ дигаргун дарёфтам. Пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе, ки айёми донишҷӯйиам он ҷо сипарӣ гардида буд, таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст. Биноҳои зебову баландошёнаи замонавӣ, гулгашту гулбоғҳои зебо ва муҳимтар аз ҳама, фазои орому осудаи Ватани азизам- Тоҷикистон маро хурсанд намуду ашки шодӣ рехтам. Ифтихор намудам, ки Худованд баҳри миллати сарбаланди ман дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбару роҳнамое ато намудааст, ки тавонист дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳонӣ таври бояду шояд муаррифӣ намояду бо талошҳои пайвастаи худ онро ба як макони зебову обод табдил диҳад. Тоҷикони берун аз Ватан бо кору пайкори ин абармард ифтихор доранд.

Зайнура АЗИМХОНОВА-сокини шаҳри Хоруғ:

- Ҷавонону наврасони Тоҷикистон — зодагону парвардагони айёми истиқлол насли хушбахттаринанд, зеро соҳиби давлати озод, ҳаёти осуда ва Роҳбари хирадпешаанд. Бо ғамхории бевоситаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи хоҳару додарам, ки аз падару модар маҳрумем, соҳиби хона, ҷойи кор ва шароити хуби арзандаи таҳсил гардидем. Имрӯзҳо нафарони зиёде маро духтари Ҷаноби Олӣ ном мебаранд, ки ман аз ин хеле ифтихор дорам. Барои як нафар ятиме, ки аз ғамхорию навозиши падару модар бенасиб буду тарбияи хоҳару додари хурдсолро ба уҳда дошт, магар аз ин ифтихори бештаре ҳаст? Он ғамхорие, ки Роҳбари давлат нисбати мо — се нафар ятими бепадару модар кардаанд ва он дастгириҳое, ки нисбати дигар ятимону маъюбон ва ниёзмандон мекунанд, моро водор месозад, ки дар шукуфоиву ободонии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем. Ман тамоми кушишамро ба он равона месозам, ки дар ҷавоби дастгирии падаронаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои давлату миллат фарзандвор хизмат намоям.

Хуҷабибӣ Лиқоева – сокини 80 — солаи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз:

- Солҳои зиёде дар китобхона кор мекардам. Бо одамони гуногункасб вохӯрдаву ҳамсуҳбат шудаам.

Он ободиҳое, ки фарзанди бонангу баномуси тоҷик, писари тамоми модарони тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон кардааст, таърих ёд надорад. Ман модари хушбахтам, ки бо ин фарзанди азиз, зери чинори Дарвоз суҳбати рӯ ба рӯ доштам ва шеъре тақдимаш кардаам:

Писарҷонам, ҳамеша шод бошӣ,

Зи ғамҳои ҷаҳон озод бошӣ,

Ба мисли одамони номдоре, 

Ҳама шогирд, худат устод бошӣ.

Дуо мекунам, ки ин фарзанди асили модари тоҷик ҳамеша болои сари мардуми тоҷик бошад.

 

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ин чанд порае буд аз суҳбатҳо бо одамони синну сол ва касбу кори гуногун, ки бо шукри беандоза аз Ватани ободу озод, ки онро ном-Тоҷикистон ҳаст ва пуштибонӣ аз сиёсати Шумо талош доранд дар рушди кишвар саҳмгузор бошанд.

Агар ҳама бунёдкориҳое, ки дар ин минтақаи кӯҳистони кишвари азизамон маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Шумо амалӣ гардидаанд ва ҳама суханони пур аз меҳру самимиятро, ки мардуми вилоят нисбати Шумо арз медоранд, ба рӯйи саҳфа орем, саҳифаҳои зиёд ва моҳҳо камӣ мекунанд.

Ман ба сифати зодаи ин диёри кӯҳсор ва шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол танҳо ҳаминро арз медорам, ки мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарки масъулияти баланд ва ҳисси беандозаи ифтихори миллӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаи Шуморо дастгирӣ намуда, баҳри боз ҳам ободу шукуфон гардидани хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон-Тоҷикистони соҳибистиқлол талош хоҳанд намуд.

Хоҳем, ки ҳамеша бахт хандон бошад,

Осуда тамоми Тоҷикистон бошад.

Қалби ҳама тоҷикони олам, эй кош,

Равшан ҳама дам зи нури Имон бошад.

То сулҳу салоҳи мо бувад поянда,

Сомонии мо ба тахти Сомон бошад.

Бо арзи эҳтирому самимият — Нилуфар АСЛАМШОЕВА,

мухбири минтақавии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дар ВМКБ