Паҳншавии маводи мухаддир пешгирӣ мешавад

№143 (3289) 29.11.2014

Дар бораи ин хатар ва чораҳои мубориза баҳри аз байн бурдани он сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон полковник Муртазо Ҳайдарзода дар суҳбат бо хабарнигори мо  чунин иброз намуд:

-Дар ҷумҳурӣ содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон, аз ҷумла ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташвишовар мебошад. Ҳарчанд зиёдшавии шумораи беморони нашъаманд дар ҷумҳурӣ ба эътидол омада бошад ҳам, вазъият дар баъзе ҷойҳо, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ мураккаб боқӣ мемонад.

Мутобиқи маълумоти Маркази наркологии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 868 нафар нашъаманд, ки чор нафарашон зан мебошанд, ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумотҳои Маркази мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  410 нафар (338 нафар мардон ва 72 нафар занон), ки мубталои касалии масунияти бадан гардидаанд, ба қайд гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки 82 фоизи  онҳоро беморони нашъаманд ташкил медиҳанд. Шумораи нашъамандон аз рӯи  синну сол чунин аст: 18 – 24 — сола 16 нафар, 25 – 34 — сола 224 нафар, 35-44 — сола 392 нафар, 45-54 — сола 174 нафар, 55 -64 -сола 51 нафар ва аз 65 -сола боло 9 нафар.

Мувофиқи маълумоти Маркази наркологии вилоят дар даҳ соли охир 225 нафар беморони нашъаманд ба сабаби аз меъёр зиёд намудани маводи нашъадор фавтидаанд.

Шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии вилоят бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки тавлидкунандаи асосии маводи нашъаовар дар минтақа ба шумор меравад, дар масофаи зиёда аз 20 км ҳамсарҳад буда,  дар ҷодаи муқовимат рӯ ба рӯи ҷабҳаи аввали интиқоли маводи нашъаовар қарор гирифтааст. Агар соли 2002 шумораи нашъамандон дар шаҳри Хоруғ 327 нафарро ташкил дода бошад, пас дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ он аллакай ба 464 нафар расидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ шудааст, ки он самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддимухаддиротии ҷумҳуриро муайян менамояд. Ин ҳуҷҷати асосии ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои таъмини амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат буда, ба пешгирӣ ва табобати мубталоёни нашъамандӣ, инчунин офиятбахшии тиббию  иҷтимоии онҳо равона шудааст.

Бо қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ шудааст. Ҳоло Раёсати Агентӣ бо мақсади ошкор ва қатъи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар қаламрави вилоят дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014»  фаъолият дорад.  Мутобиқи он баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани қочоқи маводи нашъадор дар роҳҳои мошингарди Хоруғ-Душанбе, Хоруғ- Мурғоб-Оши Ҷумҳурии  Қирғизистон, Хоруғ-Мурғоб- Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Хоруғ- Ишкошим дидбонгоҳҳои сайёр аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил  шудааст.

Санҷишҳо нишон доданд, ки аъзои ситоди амалиёти «Кӯкнор-2014» дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Ишкошим дар самти пешгирии нашъамандӣ бо аҳолӣ корҳои муайянеро ба ҷо овардаанд. Қобили зикр аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 60 ҳодисаи марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва аз муомилот 523 кг 862 грамм воситаҳои нашъаоварро мусодира намудаанд.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар ин давра 16 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор намуда, беш аз  85 кг маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира намудаанд. Нисбат ба ҷиноятҳои ошкоргардида нуҳ парвандаи ҷиноятӣ ва панҷ парвандаи маъмурӣ оғоз ва баррасӣ карда шуд, шаш парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқ намудани фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардидааст. Ҳангоми баррасии панҷ парвандаи маъмурӣ ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 4400 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят дар рафти амалиёт 60 ҳодисаи марбут ба растаниҳои худрӯи банги ҳиндиро ошкор намуданд. Дар натиҷа, 153097 бех растании номбурда несту нобуд карда шуд.

Ҳамчунин кормандони Раёсати Агентӣ бо мақсади пешгирии нашъамандӣ якҷо бо раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мактабҳои миёна, Литсейи Оғохон, Мактаби президентӣ, Коллеҷи тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев чорабинӣ гузарониданд.

Ҳамзамон якҷоя бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Волонтёр», «Мадина», «Хирад» дар шаҳри Хоруғ, «Сучон», «Нур» дар ноҳияи Шуғнон мизҳои мудаввар, семинарҳо ва озмуни вобаста ба пешгирии нашъамандиро баргузор намуданд.

Таҳияи Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»