Вохӯриҳо доир ба тарғиби нуктаҳои Паёми Пешвои миллат

№8 (4114) 14.01.2020

Ҷиҳати фаҳмондадиҳии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритуз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саид Нуриддин Саид бо сокинон мулоқот баргузор намуд.

Вазир қайд кард, ки соли 2019 дар таърихи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо дастоварду пешравиҳои назаррас ҳамчун як соли бобарор сабт гардид. Дар ин сол аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4, кишоварзӣ — 7,1, гардиши савдо — 8, хизматрасониҳои пулакӣ — 1,6 фоиз суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил дод. Аз ҳисоби соҳибкорони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуд.

Мавсуф масъалаи то ҷашни муқаддасу бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо кардани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва маҳалҳои аҳолинишинро бо дастгирии ҳар як оила таъкид намуд.

Инчунин, Нуриддин Саид мақсад аз дастуру супоришҳои машаххасу қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш, занон ва оила тавзеҳ дод.

Ҳамин гуна вохӯрӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Бохтар бо сокинони деҳаҳои «Ургутмаҳалла», ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва ба номи Садриддин Айнӣ низ доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбар Қосим, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Баромадкунандагон иброз намуданд, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба масъалаҳои марбут ба қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз ҷумла, дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ироа гардид, бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 — сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюб, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, аз 1 сентябри соли 2020 -ум 50 фоиз зиёд хоҳад шуд. Тибқи ин пешниҳод, андозаи нафақаи ин қишри ҷомеа бояд ба нафақаи онҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»