Ворух марзи номусу ғурур аст

№41 (4303) 01.04.2021

ВорухВорух — гӯшаи бо амри таърих ва гузаштҳои сарварони собиқ дар инзиво қароргирифта, марзи номусу ғурури ҳар тоҷику тоҷикистонист. Мутаассифона, ҳамсояҳо ҳозирбинанд ва далелҳои таърихӣ барои онҳо арзиш надорад.

Дар музокирот бо ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон масъалаи муайян ва аломатгузории минтақаҳои баҳсии сарҳади ҳар ду давлат баррасӣ гардида, тибқи хабарҳои расмӣ, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстона баргузор шудааст, шояд як мавқеъ доранду ба хотири назди мардум маҳбубияти бештар ба даст овардан, мавқеи дигар. Изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар бораи иваз намудани Ворух бо ҳудуди дигар дар вилояти Ботканд, ки чанд рӯз қабл расонаӣ шуд, ба ин далел аст. Чунин мавқеъгириҳои зуд-зуд ивазшаванда ва ғайримантиқии Ҳукумати Қирғизистон аст, ки баррасии масъалаи демаркатсия ва делимитатсияи сарҳади давлатии ҳар ду кишвар, ки аз соли 2002 идома дорад, ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст. Дар ин муддат бо иғвои тарафи қирғиз дар деҳоти «Ворух» борҳо ҷанҷол сар зада, боис ба ҳалокати одамон шуд.

Ба назар чунин мерасад, ки роҳбарияти давлати ҳамсоя аз ин сабақ набардошт ва ба ҷои ҳалли мусолиматомез ва воқеии масъала бо изҳороти баҳсбарангез ба тезутунд шудани муносибатҳо замина мегузорад.

Зимнан, далелҳои таърихи дур ва наздик собит менамоянд, ки Ворух дар гузашта ҳеҷ гоҳ дар ҳайати давлати ҳамсоя қарор надошт ва бародарони қирғиз дар замони шӯравӣ, ки дар ҳайати давлати ягона қарор доштем, шояд аз камэътибории роҳбарони вақти Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, чарогоҳи муваққатӣ, обёрӣ ва ғайра дар деҳоти «Ворух» маскун шуда, ҳоло пешниҳоди ивази Ворухро ба ҷои дигар мекунанд. Ба таъбири халқ, тифли домангири ман охир гиребонгир шуд. Бо роҳу усул Қирғизистон аз соли 1936 ҳудудашро аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Сӯхи Ӯзбекистон, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон беш аз се ҳазор километри мураббаъ васеъ намудааст ва ҳоло инро эътироф кардан намехоҳад.

Тааҷҷубовар аст, ки ин пешниҳоди ғайри қобили қабулро на ягон шаҳрванди одии давлати ҳамсоя, балки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, чун мавқеи расмии Ҳукумати Қирғизис­тон иброз медорад ва донистаю огоҳона гуфтушунидҳои ояндаро оид ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ боз ҳам печидаю душвор мегардонад.

Тавре медонем, дар ҳалли баҳсҳо иродаи сиёсӣ зарур аст. Маҳз дар ҳамин замина роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои дӯсту ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳама масъалаи баҳсиро ҳал намуданд. Тибқи хабарҳои васоити ахбори омма сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Роҳбарияти олии мамлакат ҳамеша ҷонибдори бо роҳи осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кардани мушкилоти сарҳадӣ, ки «мероси» замони шӯравист, мебошад. Боварӣ дорем, ки дар ҳалли он низ ҷониби давлати ҳамсоя аз ақли солим кор мегирад.

Ворух марзи номус ва ғурури миллист ва аз он ҳимоят мекунем.

Мурод ШУКУРЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Турдибой СОЛЕҲЗОДА,

рӯзноманигор