Бонги изтироб

Восеъ. Лойобхӯрии сокинон ва кашолкории масъулон

№60 (3697) 30.05.2017

20170510_110011Сокинони деҳаи Пушёни Болои деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ солҳост, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Сабаб дар чист?

Сокини деҳаи зикршуда Зарафшон Шоева аз беобӣ гила намуда, гуфт: «Соли 1993 бар асари зиёд шудани сатҳи оби дарёи Ёхсу ва обхезӣ, қубурҳои обгузар вайрону валангор гардиданд. Шурӯъ аз ҳамон рӯз мушкили беобӣ ба сари мо омад. Ҳоли табоҳ дорем ва гоҳҳо аз камчинии об маҷбур мешавем, ки оби ҷӯйбор нӯшем. Аҳволи сокинони деҳаи Навдеҳ аз мо бадтар аст. Пас­мондаи оби полезии хоҷагиҳои деҳқониро менӯшанд».

Сокини дигари деҳаи Пушёни Боло худро Анорбӣ Абдулҳаева муаррифӣ намуда, афзуд, ки тайи чанд соли ахир оби софу фаровонро надидаанд.

- Бубинед, ки мо аз чӣ гуна об истифода мекунем. Дар зарфи обгирӣ лойобаи дарёи Ёхсуро гирифта, интизор мешавем, ки кай лойи он таг шинаду обашро нӯшем. Чанд сол аст, ки чунин аҳвол дорем, вале касе ба додамон намерасад. Дар ҳасрати оби тозаем, — мегӯяд номбурда.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилӣ соли 2013 нақшаи «Барқароркунии хати оби нӯшокии «Мулло Ниёз» — ро тартиб дод, ки маб­лағи он 4 миллиону 553 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Бобоев Аскар, сардори филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, зикр кард, ки феълан аз маб­лағи пешбинишуда, 2 миллиону 538 ҳазор сомонӣ аз худ гардидааст. Мутобиқи нақша, муҳлати ниҳоии баистифодадиҳии хати об имсол аст, вале мутаассифона моҳе қабл сатҳи оби дарёи Ёхсу баланд гардида, ба қисмате аз қубурҳои барқароршуда зарар расонд. Биноан, муҳлати сохтмонро то соли 2018 тамдид кардаанд. Зарари офати табиӣ ба корҳои барқарорсозӣ зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки қариб ҳар сол хати оби «Мулло Ниёз» зери об мемонаду бо сарфи маблағҳои ҳангуфт дубора барқарор мешавад. Масъулон маъмулан корҳои барқарорсозиро дар фасли баҳор анҷом медиҳанд, ки ба вуқӯъ омадани обхезӣ онро боз вайрон мегардонад. Кашол ёфтани сохтмон боиси лойобхӯрии мардум гаштааст. Имсол 500 ҳазор сомонӣ барои таъмир ҷудо шудааст, ки танҳо ба барқароркунии нуқтаи селшуста кифоят мекунад. Саволи матраҳ ба масъулини ноҳияи Восеъ ин аст: «То кай партофтани пули давлат ба об идома меёбад?».

Ёқуби Содиқ,

«Садои мардум»