Аз фаъолияти маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Вусъати корҳои созандагӣ дар Шаҳристон

№44 (3994) 20.04.2019

Дар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳрис­тон (даъвати панҷум) масъалаи «Вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини якуми раиси ноҳия Шуҳрат Ҳабибзода зикр намуд, ки дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳия 9 марти соли 2018 ба имзо расид. Ҳамчунин, дар ин робита амри раиси ноҳия аз 28 майи соли 2018, № 19 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир гардид, ки мавриди амал қарор дорад.

Қайд гардид, ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 68 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 25 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷумла, 20 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Навкенти деҳоти «Бунҷикат» маросими ба истифода додани бинои мағозаи озуқавории соҳибкор Муртазоқул Мирзоев, бинои кошонаи ҳусн ва сехи дӯзандагии соҳибкор Нодира Убайдуллоева доир гардид, ки дар онҳо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, 5 апрел дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд — Душанбе сохт­мони бинои иловагии ошхонаи «Додоҷонбобо» иборат аз 5 ҳуҷра мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он тамоми шароит барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ муҳайё гардидааст.

Шуҳрат Ҳабибзода афзуд, ки моҳи март бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳои сохтмонӣ, ҳашарҳои умумӣ баҳри тозакунии маҳалли зист, ҷӯйборҳо, қумфаршкунӣ ва чароғонкунии кӯчаҳо ташкил карда шуд, ки то ҳол идома дорад.

- Дар деҳаи Шаҳристон ба маб­лағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ, Ваҳдат — 40000, Фирдавсӣ — 15, Ободӣ — 24, Гулистон — 3200, Навкент — 12 ва дар деҳаҳои Себзор ва Суғдиён ба маблағи 3200 сомонӣ роҳҳо ба тариқи ҳашар обод карда шуданд, — гуфт ӯ.

Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»