Яккаписар аз имтиёз даст кашид

№125 (3762) 21.10.2017

Вақте раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом Маҳмудҷон Бобокалонов гуфт, ки «соли равон шумораи ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ зиёд шудааст ва бархе ҳатто аз имтиёзҳои муқаррарнамуда даст кашидаанд», рости гап, боварам наомад ва бо яке аз онҳо — Зафар Содиқов тавассути телефон ҳамсуҳбат шудам.

- Ман яккаписарам, — гуфтаҳои раиси ҷамоатро тасдиқ кард ӯ. — Ҳамин сол муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро хатм кардам. Тибқи қонунгузории амалкунанда аз хизмати аскарӣ озодам. Аммо, виҷдонам ором нагузошт, ки аз шароити мусоиди қисмҳои ҳарбӣ ва ҳаёти осуда ношукрӣ кунам. Хизмат дар сафи артиш мактаби бузурги мардонагист. Инсон обутоб меёбад. Ба давраи нави ҳаёт-зиндагии ­мустақилона омода мешавад…

Зафар Содиқов айни ҳол дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ бо ҳамсолон рӯзҳои аввали хизматро паси сар мекунад. Барои хизмати онҳо тамоми шароит фароҳам аст. Аз ҳамсолон даъват мекунад, ки аз хизмати аскарӣ саркашӣ накунанд…

Кош, ҳама ҷавонписарони кишвар монанди Зафар мешуданд!

М. Мақсудов,

«Садои мардум»