Ярмарка-фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо дар Суғд

№23 (3973) 28.02.2019

парварШанбеи гузашта дар майдони Театри ба номи Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳолҳо баргузор гардид. Бино ба иттилои муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Алишер Дадобоев, барои фурӯш 1 млн. 250 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаву ороишӣ ва сояафкан, гулу гулбуттаҳо бароварда шуд.

Дар чорабинӣ кормандони хоҷагии ҷангали ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон низ ширкат варзиданд. Онҳо барои фурӯш 1000 бех ниҳоли арчаву сафедор оварданд. Сардори хоҷагии ҷангали ноҳияи Лайлак Қурбонбек Мерқулов изҳор дошт, ки зиёда аз даҳ сол аст дар ярмарка-фурӯши ниҳолҳои Суғд иштирок мекунад.

Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод он рӯз 7000 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаи зардолуву тут, гелосу олуча, шафтолуву чормағзро ба фурӯш гузошт. Зимни суҳбат сардори хоҷагии мазкур Зарифҷон Шукуров гуфт, ки майдони кишти ниҳолҳои хоҷагӣ дар 13 гектар доман паҳн кардааст.

- Дар ноҳия ду нуқтаи фурӯши ниҳолҳоро фаъол сохтем ва фурӯши сайёрро низ ташкил кардем, яъне ба маҳалҳои аҳолинишин тавассути мошин онҳоро барои фурӯш мебарем, — изҳор дошт номбурда.

Дар интиҳо иштирокчиёни фаъол аз 16 шаҳру ноҳияи вилоят бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МИМҲД вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»