Ярмаркаи ниҳол ва гулу гулбуттаҳо дар Суғд

№23 (4129) 20.02.2020

Ярмарка15 феврал дар майдони назди Теат­ри ба номи Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд ярмарка — фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ва гулу гулбуттаҳо баргузор гардид.

Бино ба иттилои муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов, дар он 1 млн. 535 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаву сояафкан ва гулу гулбуттаҳо аз ҷониби хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ба фурӯш бароварда шуд. Аз ин миқдор гулу гулбуттаҳо 653,2 ҳазор, ниҳолҳои мевадиҳанда 600 ҳазор, сояафкану ороишӣ 281,8 ҳазор бехро ташкил медиҳанд.

Боиси тазаккур аст, ки дар ярмаркаи имсола маҳсулоти хоҷагии ҷангали вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон — ниҳоли коҷи кабуд низ ба фурӯш бароварда шуд.

- Беш аз даҳ сол аст, ки мо дар ин ярмарка иштирок мекунем, — мегӯяд ҷангалбон Ҷенишбой Саидвелиев, — ташаккур ба масъулони чорабинӣ, ки моро хуш истиқбол мегиранд ва шароити мусоиди савдои маҳсулотамонро фароҳам меоранд. Ин навбат, барои фурӯш беш аз 60 бех коҷи кабуд ва 2000 бех буттаи ардач овардем, ки зуд ба фурӯш рафтанд.

Ярмарка-фурӯши ниҳол ва гулу буттаҳо то анҷом ёфтани мавсими ниҳолшинонӣ дар бозори «Истиқлол», воқеъ дар шафати бозори «Панҷшанбе» — и маркази вилоят амал хоҳад кард.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум».

Сурат аз муаллиф