Ёди айёме, ки…

№66 (4172) 04.06.2020

(Ба хотираи урологи шинохтаи ҷумҳурӣ, мудири бахши Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе Ватаншоҳ Раҷабов)

ВатаншохКас гумон мекунад, ки сухан гуфтан ё навиштан дар бораи шахси наздик осон аст, вале ин тавр нест. Гӯё ҳама чиро дар борааш медонед, вале боз ҳам дар ифода ва баён дармемонед. Ҳоло ман дар ёдоварӣ аз ҳамсабақи хуб, дӯсти бовафо ва ҳамсояи ҳамнафасам Ватаншоҳи ғуррамарг дармондаам.

Аз чӣ оғоз кунам, намедонам? Аз баҳорон, аз бозии посафедсозӣ, гулчинии сиёҳгӯшу зардак, ҷигору қузнӣ, чукрию торон, байрақчабозӣ дар Бари Питовко (мавзеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҷои бозии бачагиамон дар офтобрӯяе, ки барфаш об шуда, баҳораш барвақт фаро мерасид) ё аз рафтан ба дарвешона, мусобиқаҳои гӯштингирию бузкашӣ ба деҳаҳои Бодомту, Назарбоӣ, Чагаму Саричашма ё аз ширпевозии модаронамон ва ё аз баррачарониҳо? Чӣ қадар одатҳоямон ба ҳам монанд буданд ва ман ҳамеша худро дар ин дунё тасаллӣ медодам, ки хайрият паҳлуям Ватаншоҳ барин дӯст дорам. Аз ин лиҳоз, шукргузориамро худам медонаму Худо. Аммо бародари азизам Ватаншоҳ, ки баҳорро дӯст медошт, моро ҳам дар баҳорон тарк кард.

Шояд аз дил гузаронд, ки он қадар дӯсту бародар ва ошнои зиёд дорад, ӯро ҳатман назди Модар — Фаришта мебаранд… Аммо афсӯс, ки ин дафъа абадан аз бари модари мушфиқаш дур монд. Акнун то зиндаам қарздор мондам, бахшиш мепурсам, ки натавонистем туро паҳлуи модари бузургворат, модари заҳматкашидаи фариштаат — момаи Сарвари биҳиштӣ ба хок супорем. Суханҳои момаи Сарвар то ҳол дар гӯшам садо медиҳанд. Ӯ ҳар бор, ки маро медид, мепурсид: «Кай омадӣ? Ватанаки мана наовардӣ ҳамроҳат?» (Кампир бо навозиш ва аз дӯстдории зиёд писарашро «Ватанак» ном мебурд). Воқеан, вақте ки падари дӯстам аз дунё гузашт, Ватаншоҳ яксола буд ва модари сағирапарвар 7 писарро тарбия ва ба воя расонид, ки ӯ писари аз ҳама хурдӣ буд).

Мегӯянд, ҳар як кори дунёро ҳикмате ҳаст. Шояд аз бари модар дур хок шуданаш ҳам беҳикмат набошад. Охир, ӯ дигар Ватаншоҳи 30 сол пеш набуд, ки ба як деҳа, ноҳия ё як мавзеъ тааллуқ дошта бошад. Балки шахсияти шинохта дар сатҳи ҷумҳурӣ буд. Табибе, ки ҳазорҳо ҷарроҳӣ анҷом дода, садҳо нафарро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз қабили Душанбе, Хатлону Бадахшон, Зарафшон ва водии Рашту Ҳисори Шодмон аз панҷаи марг наҷот додааст. Ва акнун шахсияти ба ҳама сокини ҷумҳурӣ азизу маҳбуб мебошад. Онҳо ӯро мешиносанд, эҳтиром менамоянд, бинобар ин, мазори Ватаншоҳ бояд барои ҳама дуогӯён дастрасу наздик ва дар Душанбешаҳри зебо, пойтахти Тоҷикистони азизамон, дар паҳлуи бузургони миллату пирони кор чун устодони соҳаи тиб Юсуфҷон Исҳоқӣ, Аслиддин Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва дигарон ҷойгир бошад…

Моҳи март, яъне ду моҳ қабл аз маргат бо ҳамкорон дар ноҳияи Ёвон қарор доштӣ ва аз он ҷо занг задӣ. Суханҳоят дар ёдам ҳаст, ки гуфтӣ: «Наимӣ, ман ба Пирназаров (дӯсту ҳамкори қарини Ватаншоҳ) мегӯям, ки ҳангоми таҳсил дар мактабамон раиси кумитаи талабагӣ будам, бовар намекунад. Мегӯяд, ки он айём ин хел вазифа дар мактабҳо набуд. Телефон дар баландгӯяк будааст, гуфтам: «Воқеан, дар мактаби мо кумитаҳои талабагӣ ва ташкилоти комсомолӣ амал мекард ва шумо роҳбар будед… Хайр, мумкин дар мактабе, ки Пирназаров таҳсил кардааст, чунин масъулият набудааст, аммо дар мо талабот ба хониши талабагон қатъӣ ва сатҳи дониши онҳо баланд буд-ку. Онҳо хуб нахонда бошанд, гуноҳи мо чӣ?» Оҳ, чӣ қадар баланд хандидӣ ва чӣ қадар он гуфтаҳо маъқулат шуданд.

Таътили тобистонаи мо аслан бо оббозӣ, гунҷишк­шикор, баррачаронӣ, барои барги тут овардан аз деҳаҳои Хушкасангоб, Урсихо, Туданӣ, Зу, Зардолуҳак ва Навободи Давлатобод, ки солҳои 50 ва 60-уми асри гузашта аҳолиашон ба таҳдашт кӯчонида шуда буданд ва алафдаравӣ сипарӣ мегардид. Овони бачагиатон, ба қавли устод Лоиқ Шералӣ, гӯё «Чун номае бар ёри бепарво гузашт» ва баъди чӣ қадар нокомиҳо барои дохил шудан ба мактаби олӣ пайи ҳам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намудем. Сипас, бо чӣ қадар азобу заҳмат, баъди талошҳои зиёд ман ба шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва ӯ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шомил шудем. Баъд зиндагии беш аз 20-сола дар деҳа хотима ёфт ва ба шаҳри овозадору зебои Душанбе кӯч бастем. Ва умри мо то субҳи шуми 7 майи соли 2020 бо пастӣ ва баландӣ якҷо гузашт.

Ба ДДТТ ва интернатураю ординатураи он дохил шудан, шиносоӣ ва издивоҷ бо рафиқи зиндагиат, маҳбуба ва ҳамсабақи ба ҷон баробарат Гулсифат, тавлиди фарзанди аввалинат Хуршедҷон, аз паси он Муборакшо ва Парвона, оғози фаъолияти корӣ, зиёда аз 25 сол дар як мақом ва дар як даргоҳ табиби ҳозиқи мардум кор кардан… ҳамаи ин таърихи ҷудогона доранд, ки ба даҳҳо китобу достон меарзанд.

Доимо мегуфтӣ, бароят ҳамватанон як хел азизанд, ҳамеша ба хизмати онҳо омода ҳастӣ, аммо, мегуфтӣ, намедонӣ аз чӣ бошад, бачаҳои Дарвозу Файзобод ва Ховалинг ба ту бисёр эътиқод доранд ва самимона эҳтиром мегузоранд. Ба хаёлам, ҳоло коргоҳат бе ту — ҷавони резапайкару қавиирода ва чеҳрахандон холист, поям барои рафтан ба он ҷо ҳаракат намекунад.

Мехоҳам чанд сухан дар васфи Гулсифат аз забони худат ёдовар шавам, шояд арвоҳи нозукат шод шавад. «Бахудо, Гулсифат бисёр ҳушёру зирак ва босавод аст, баъзан ҳатто масъалаҳои тиббиро аз ӯ мепурсам. Духтари босаводи Донишгоҳи давлатии тиббиро ба ҳамсарӣ гирифтам. Зиёд рашк мекунад, аммо беҳтарин инсон аст, Худоро шукр мекунам, ки бо ӯ ҳамтақдирам гардондааст». Чӣ гуворост, вақте ки ҷавонмард аз ҳамсафари ҳаётӣ розӣ бошад. Ту ин ризомандиро хуб ба забон меовардӣ ва шод мешудӣ.

Низоъҳои дохилии шаҳрвандӣ, буҳронҳои шадиди бенонӣ, бебарқӣ, эпидемияи шадиди тиф ва сахтиҳои дигар паси сар шуданд, аммо насиб нашуд, ки хурсандии хонадоршавии Хуршедҷон ва бурёкӯбони манзилеро, ки зиёда аз 20 сол интизор будӣ, якҷо бинем.

Хонаи модарӣ бе ман хароб гаштааст гуфтӣ ва акси он манзили хурди хоксоронаро, ки дар вақташ дунё дар он меғунҷиду ҳоло мо дар дунё намеғунҷем, аз тариқи «Вайбер» ба ман фиристодӣ. Ва ормонат ин буд: «Бисёр мехоҳам манзили хоксоронаи очама (айнан), ки дар он таваллуд шудаам, хоксорона таъмир намоям. Ҳар вақте ки хумори деҳа гирад, он ҷо бо ҳамсинфҳо шишта, суҳбат ва шабамро рӯз мекунам».

Ба ман ҳам маслиҳат додӣ, балки бо исрор талаб намудӣ, ки ҳамин корро ман низ анҷом диҳам.

Бародари ниҳоят азизу меҳрубон ва ғуррамаргу ҷавонмаргам, чобуксавору човандоз, паҳлавону шиноварам, васфат ба китобу достонҳо меарзад, вале ман қудрати навиштан надорам. Ин ҳарфҳо ҳам рӯзи видоъ бо ту дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе саросема ва омехта бо оби дидаҳоям ва саршори бахшишҳо пайдо шуданд.

Шоир гӯё ин мисраъҳоро барои ману ту гуфтааст:

Ёди айёме, ки бо ҳам ошно будем мо,

Ҳамхаёлу ҳамсафиру ҳамнаво будем мо.

Маънии як байт будем аз тариқи иттиҳод,

Чун ду мисраъ гарчи дар ҳозир ҷудо будем мо.

Буд доим чун забони хома ҳарфи мо яке,

Гарчи пеши чашми суратбин дуто будем мо.

Чун ду барги сабз, к-аз як дона сар берун кунад,

Якдилу якрӯй дар наъшунамо будем мо.

Ахтари мо саъд буду рӯзгори мо Саид,

Аз саодат зери боли як ҳумо будем мо.

Дурии манзил ҳиҷоби иттиҳоди мо набуд,

Доштем аз ҳам хабар, дар ҳар куҷо будем мо.

Чораҷӯёнро намедодем Соиб, дарди сар,

Дардҳои куҳнаи ҳамро даво будем мо.

Худованд раҳмату мағфират ва биҳишти анбарсириштро насибат гардонад. Дидорҳо ба қиёмат.

Бо узру бахшиши беинтиҳо,

А. НАИМӢ