Ёвон. 1000 қуттии партов дастрас шуд

№63 (4169) 28.05.2020

6972812Дар доираи лоиҳаи «Идоракунии сатҳи маишӣ» бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Раёсати коммуналӣ — истеҳсолӣ ва истифодаи манзили ноҳияи Ёвон 1000 қуттии партов дастрас шуд.

Бино ба иттилои сардори раёсат Асрор Аҳмад, маблағи умумии лоиҳаи зикршуда чор миллион доллари америкоӣ буда, ду миллион доллари ИМА грант ва боқимонда қарз  маҳсуб мешавад.

- Дар доираи он 58 партовгоҳ сохта шуда, 11 техникаи наву замонавӣ  харидорӣ мешавад, — гуфт номбурда.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»