Ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Заминаи ҳуқуқии созишномаи сарнавиштсоз

№60 (3697) 30.05.2017

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон умеду боварии мардуми кишварро барои бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона қавитар гардонид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 зикр намуданд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».

Ташаббусҳои Пешвои миллат бо мақсади барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ, ҳифзи якпорчагии мамлакат ва бартараф сохтани монеаҳои бамиёновардаи душманони дохилӣ ва берунӣ дар натиҷаи ҷоннисорҳо самар овард. Дар робита ба ин, СММ, САҲА, Федератсияи Россия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон ва Туркманистон изҳор намуданд, ки баҳри миёнаравӣ ва ҷиҳати аз байн бардоштани ихтилофот дар музокирот намояндагӣ мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониашон изҳор намуданд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзҳои фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, маломатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси cap намоем».

Тамоми созишномаю суратҷаласаи ҳашт даври гуфтушуниди ҳайатҳои намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ҳашт мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин ва дар ниҳоят, се даври машварати байни намояндагон бавуқӯъпайваста чун ҳуҷҷати расмӣ зимни таҳияи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ истифода шуданд.

Ниҳоят, ин ҳуҷҷати  сарнавиштсоз 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва, дар даври ниҳоии музокирот бо ширкати намояндагони СММ, САҲА ва давлатҳои нозир ба имзо расид.

Суратҷаласаи музокироти байни ҳайатҳо аз 28 — уми феврал то 8-уми марти соли 1997, ки дар шаҳри Москва доир гардид, ба масъалаи низомӣ бахшида шуда, асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар он оид ба  халъи яроқ ва реформатсия намудани дастаҳои мусаллаҳи ИМТ сухан рафта, ҳамчунин ислоҳотро дар сохтор ва ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овард.

Таъсиси Комиссияи оштии миллӣ низ аз талаботи асосии созишномаи мазкур ба ҳисоб рафта, ҳайати он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар — аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин таъсис дода шуд.

Ҳуҷҷатҳои тибқи муқаррарот таҳиягардида моҳияти калони таърихию ҳуқуқӣ доранд. Аз ҷумла, таҳияи санади ҳамдигарбахшӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», дар давраи гузариш ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ворид намудани намояндагони ИМТ ислоҳоти сохтори Ҳукумат ва ба ҳайати он ворид сохтани намояндагони ИМТ аз рӯи квотаи муқарраршуда, бекор кардани манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳое, ки ба ИМТ дохил мешаванд, дар он зикр шудаанд.

Иҷро кардани муқаррароти суратҷаласа ба уҳдаи зеркомиссия оид ба масоили низомии Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун Комиссияи марказии аттестатсионӣ гузошта шуд, ки аз ду ҷониб аъзои баробар доштанд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 — уми июни соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» таъмини амният ва муташаккилона ба Ватан баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ, ҳайати шахсии дастаҳои мусаллаҳи ИМТ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо ба уҳдаи мақомоти дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Бояд гуфт, ки меъёрҳои дар созишнома пешбинигардида характери тавсиявӣ доштанд. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ барои қонунӣ гардонидану ҷиҳати ҳуқуқӣ бахшидан ба он санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳия карданд ва мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат онҳоро қабул намуд. Як қатор меъёру уҳдадориҳои дар созишнома ва суратҷаласаҳо пешбинишуда бо роҳи гузаронидани раъйдиҳии умумихалқӣ 26 — уми сентябри соли 1999 ва аз 23 — юми сентябри соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Мардуми Тоҷикистон хушбахтанд, ки дар фазои сулҳу субот, орому осуда бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осоишта доранд.

А. АШУРЗОДА,

муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон