Зарафшон

№100 (3894) 17.08.2018

Зарафшоне, ки обаш зарфишон аст,

Ба дашту водиҳо бахшанда ҷон аст,

Ба ҳар ҷое равад, сарсабзӣ орад,

Суруди рӯҳбахши модарон аст.

 

На обе, шарбату шаҳд аст ҷорӣ,

Аз он ширин бувад коми ҳазоре.

Равон асту Самарқандаш ба оғӯш,

Равону бо Бухоро роздоре.

 

Надонад лаҳзаи оромӣ як дам,

Ҳаме фарқияти рӯзу шаб аз ҳам.

Ба ҳар як гӯшаи беоб гӯяд:

Туро ман оқибат шодоб созам.

 

Намуди мавҷи худро пора-пора,

Ҳамепошад ба ҳар дашту канора.

Чӣ сеҳраст ин ки мавҷаш медурахшад,

Ба болои сарам ҳамчун ситора.

 

Манам андар канораш шоду хуррам,

Манам як қатраи бар қатрааш зам.

Дилам андар канораш пурсурур аст,

Зи кашшофони олам нестам кам.

 

Зарафшон дидаи бедор дорад,

Сари ҳар мавҷи худ асрор дорад.

Сабақ омӯзам аз ҳар қатра обаш,

Суруду мавҷи бе такрор дорад.

 

Зарафшоне, ки обаш зарфишон аст,

Ба дашту водиҳо бахшанда ҷон аст,

Ба ҳар ҷое равад, сарсабзӣ орад,

Суруди рӯҳбахши модарон аст.

Ҷамол Камол