Маърифати ҳуқуқӣ

ЗАРАРИ МАЪНАВӢ. ОНРО ЧӢ ТАВР МУАЙЯН МЕКУНАНД?

№67 (3547) 24.05.2016

Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан ба Раҳимзода Маҳмад ­Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем.

- Дар ҳолати паст задани қадру  манзалат ва ё доғдор намудани шараф ва эътибори шахс кадом меъёрҳои қонунгузорӣ истифода мешаванд?

- Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат дода (моддаи 30), ҳангоми истифодаи он бо мақсади паст задани шараф, қадр ва эътибори кории дигарон ба онҳо кафолати ҳифзи судиро (моддаи 19) медиҳад.

Яке аз тарзҳои ҳифзи ҳуқуқе, ки дар моддаи 12 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ҷуброни зарари маънавӣ мебошад.

Тибқи Қарори Пленуми Суди Олӣ аз 23 декабри соли 2011 бо тағйиру иловаҳои аз 12 июни соли 2014 воридгардида «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ» маълумоти пастзананда ҳамон маълумоте дониста мешавад, ки дар он тасдиқи аз тарафи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ вайрон кардани қонунгузории  амалкунанда, содир намудани кирдори ношоиста, рафтори нодуруст, ғайриахлоқӣ дар ҳаёти шахсӣ, вайрон намудани меъёрҳои аз тарафи умум  эътирофшудаи ахлоқӣ ва қоидаҳои одоби корӣ, ки шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро паст мезананд, ҷой дошта бошанд. Чунин ҳолатҳо метавонад асос барои ҷуброни зарари маънавӣ аз тарафи зараррасида гардад.

- Зарари маънавӣ чист ва хусусияти хоси он аз чӣ иборат аст?

-Дар моддаи 171 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарари маънавӣ ҳамчун азоби ҷисмонӣ ё рӯҳие фаҳмида мешавад, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқи шахсии ғайримоддӣ ё ба неъматҳои дигари ғайримоддии ба шаҳрванд таҳдидкунанда расонида шудааст. Аз мазмуни моддаи мазкур маълум мегардад, ки қонунгузор калимаи «азоб»- ро дар мафҳуми «зарари маънавӣ» асосӣ ҳисоб менамояд. Мафҳуми умумии «зарари маънавӣ» дар моддаи мазкур дар шакли ду намуди азоб, яъне «ҷисмонӣ» ва «рӯҳӣ» пешниҳод мешавад.

Хусусияти хоси зарари маънавӣ аз он иборат аст, ки тағйироти манфӣ дар шуури ҷабрдида ба вуҷуд омада, шакли идомаёбии зоҳирии он аз хусусияти рӯҳии субъект сахт вобастагӣ дорад. Шартҳое, ки дар асоси он барои зарари расонидашуда шахс ба ҷавобгарии маънавӣ кашида мешавад, дар моддаи 1079 Кодекси гражданӣ пешбинӣ шудааст.

- Дар ҳолати исбот гардидани маълумоти пастзанандаи қадру шарафи шахс андозаи ҷуброни зарари маънавӣ чӣ тавр муайян мешавад?

- Мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ воситаи ахбори омма маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шараф, қадр ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад нашри раддияро талаб намояд. Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия шахси  манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.

Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш паҳн гардидааст, мувофиқи моддаи 174 Кодекси гражданӣ ҳақ дорад дар баробари раддияи чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд. Барои муайян кардани андозаи ҷуброни зарари маънавӣ меъёрҳои зерин заруранд:

Пеш аз ҳама, муайян намудан лозим аст, ки то чӣ дараҷа маълумоти паҳншуда шараф ва қадри шахсро доғдор намудааст. Сониян, ба кадом доира маълумоти бадномкунанда паҳн мегардад, яъне ҳангоми гуфтугӯи шахсӣ ё дар воситаи ахбори омма.  Албатта, дар мавриди дуюм ҳолати азоби рӯҳӣ то дараҷае баланд мебошад, зеро ҳар қадаре ки оид ба маълумоти бадномкунанда шахсони зиёде хабар дошта бошанд, ҳамон қадар андозаи ҷуброн зиёд мешавад.

Дар баъзе ҳолатҳо паст задани шараф ва қадри инсон ҳангоми изҳори ақида дар воситаҳои ахбори омма дар назари атрофиён метавонад ба шахс таъсири манфӣ расонад, агар дар шакли таҳқиромез ифода ёфта бошад. Дар чунин ҳолат маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ бояд рад ва номутобиқатии ақидаи изҳоркардашуда ба фаҳмиши ҳақиқии ақида исбот карда шавад. Умуман, ифодаи ақида дар шакли таҳқиромезона ва тасдиқи далел дар бораи паҳн кардани маълумоти пастзананда, метавонад асос барои ба ҷавобгарии маънавӣ кашидан тибқи талаботи қисми 1, моддаи 174 Кодекси гражданӣ гардад.

Масъалаи муайян кардани андозаи зарари маънавӣ дар назария ва  таҷриба аз ҳама душвор ва баҳснок мебошад. Қонунгузории амалкунандаи гражданӣ на андозаи минималию максималӣ ва на таносуб ё формулаи ҳисоби ҷуброни зарари маънавиро муқаррар накарда, ҳалли масъалаи мазкурро ба салоҳдиди суд мегузорад.

Дар сархати 2 моддаи 171 Кодекси гражданӣ муқаррар  шудааст, ки «ҳангоми муайян намудани андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ суд дараҷаи гуноҳи шахси вайронкардаи ҳуқуқ ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳро ба назар мегирад. Суд, ҳамчунин, бояд дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳии марбут ба хусусиятҳои инфиродии шахси ҷабрдидаро ба назар гирад». Моддаи мазкур қисми 2 моддаи 1116 Кодекси гражданиро пурра намуда, муқаррар менамояд, ки «андозаи ҷуброни зарари маънавӣ вобаста ба хусусияти ба ҷабрдида расонидани ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ, инчунин дараҷаи гуноҳи зараррасон дар ҳолатҳое ки агар гуноҳ асоси ҷуброни зарар бошад, аз ҷониби суд муайян карда мешавад».

Масъалаи дигар шакли рӯёнидани зарари маънавӣ мебошад. Тибқи банди 1 моддаи 1116 Кодекси гражданӣ ҷуброни зарари маънавӣ дар шакли пулӣ амалӣ шуда, қонунгузор тарзи молии рӯёнидани товони зарари онро истисно менамояд.

 М. САФАР, рӯзноманигор