Ӯзбекам бо тоҷик аст

№100 (3894) 17.08.2018

Дилқарину ҳолдонанд аз азал ӯзбеку тоҷик,

Чун ду сатри шоҳбайти як ғазал ӯзбеку тоҷик.

 

Ҳар куҷо ман гарм дидам суҳбати ин ду бародар,

Лафзашон ширинтар аз таъми асал, ӯзбеку тоҷик.

 

То ба олам буд Ҷомӣ, ханда зад бахти Навоӣ,

Хурраманд аз дӯстии бехалал ӯзбеку тоҷик.

 

Дар самои дӯстӣ ҳастанд ду наҷми дурахшон,

Ҳарфи Сино буд тобон чун Зуҳал, ӯзбеку тоҷик.

 

Инқилоби ваҳдати мо чун музаффар шуд ба дунё,

Бо раҳи рахшон равон шуд з-он маҳал ӯзбеку тоҷик.

 

Орзумандам, ки бо ҳам муттако бошанд умре,

Мисли маъниҳои бикри як ғазал ӯзбеку тоҷик.

Абдулло Орипов