Журналистон соҳиби роҳхат шуданд

№ 28.11.2018

рьболДар нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба натиҷаи фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018 собиқадори матбуот Бобоҷон Икромов аз роҳбари вилоят хоҳиш карда буд, ки дар баробари аҳли адаб заҳмати журналистон-кормандони ВАО низ қадршиносӣ гардад. Аз ҷумла, барои соле як маротиба барқарор кардани саломатиашон дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ роҳхати ройгон ҷудо карда шавад.

Инак, 21 ноябри соли равон ба 20 нафар корманди воситаҳои ахбори оммаи давлатию хусусӣ котиби матбуотии раиси вилоят Музаффар Юнусов роҳхати ройгонро барои истироҳат дар осоишгоҳи «Баҳористон» тақдим кард, ки дар байни онҳо собиқадори матбуоти тоҷик Файзуллохоҷа Атохоҷаев, хабарнигорони нашрияҳои «Садои мардум» дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудов, «Ҷумҳурият» — Ҷовиди Аштӣ, котиби масъули рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Абдуғафур Аминзода, хабарнигори Агентии иттилооти «Суғднюс» дар вилояти Суғд Алишер Охунов ва дигарон буданд.

Тибқи роҳхат ин нафарон то охири сол ҳуқуқ доранд, тайи 12 рӯз дар осоишгоҳ истироҳат ва саломатиашонро барқарор намоянд. Файзуллохоҷа Атохоҷаев, ки беш аз 40 сол аст дар матбуоти вилоят меҳнат мекунад, гуфт, ки чунин қадршиносии баланди журналистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бори нахуст сурат гирифта истодааст.

- Ин ғамхорӣ моро водор месозад, ки минбаъд беш аз пеш баҳри татбиқи сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона меҳнат ва насли ҷавони рӯзноманигорони соҳибқаламро тарбия карда, ба камол расонем,- изҳор намуд ӯ.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»