Зилзилаи Ҳисор, «Матонат» ва «зилзила ва Матонат»

№93 (4043) 01.08.2019

Субҳи 23 январи соли 1989, соати 500 чун ҳамеша мебоист ба маркази пойтахт — шаҳри Душанбе ба кор мерафтам. Либосҳоямро пӯшида, акнун ба саҳни ҳавлӣ баромада будам, ки ба назарам замин ба ҳаракат даромад, пойҳоям лағжиданд ва рӯи замини яхбаста пару афтидам. Чун қоматамро рост кардам, бори дуюм афтидам. Дафъаи сеюм рост шуда, ҷонҳавл вориди хона гардида, кӯдакони дар тарсу ҳаросмондаро ба берун баровардам. Дар он лаҳзаҳои даҳшатбор гӯё ман балогардон бошам, ҳамсояҳо низ ба ҳавлии ман «рехтанд».

Дар торикӣ ба якдигар бо тарсу ҳарос нигариста, мепурсидем: «Ин чӣ бало буд? Ин даҳшат аз куҷо хест? Ин заминларза буд ё ягон ҳодисаи дигар? Вале касе чизи аниқе гуфта наметавонист.

Бо дили мағшуш соати 700 ба корхона расидам. Оҳиста-оҳиста ҳамкорон ҳам пайдо шуданд. Кӯчаҳо пур аз одамони ҳайратзада буд. Ашхоси огоҳ низ буданд, ки мегуфтанд: «Дар Ҳисор зилзила шудааст».

Баъзе шиносҳо, ҳамкорон маро ба оғӯш кашида, «магар ту дар хона набудӣ, аҳли оилаи ту зарар надидааст?» — гуфта мепурсиданд.

Ҳамин тавр, аввалин мақоларо дар ҳаҷми се саҳифаи чопӣ оид ба зилзила навиштам, ки дар рӯзномаи «Тоҷикис­тони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба табъ расид. Азбаски он солҳо «Тоҷикис­тони советӣ» даст, чашму гӯши КМ ПК Тоҷикистон, Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва Шӯрои вазирон буд, котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон марҳум Қ. Маҳкамов мақоларо хонда, ба муҳаррир — марҳум М. Муҳаббатшоев занг зада, супориш додаанд, ки маро ба Ҳисор фиристад…

Дар Ҳисор чор нафар — ман аз «Тоҷикистони советӣ», Ҳ. Юсуфов аз «Коммунист Таджикистана», З. Собирҷонов ва Н. Фахриддинов аз «Совет Тожикистонӣ» ҷамъ омада, бояд оид ба вазъи зилзила газета мебаровардем. Фаъолиятро аз ёфтани номи рӯзнома оғоз кардем. Рафиқони ӯзбек номи ӯзбекию рафиқ Ҳ. Юсуфов номи русӣ пешниҳод намуданд. Ман бо истодагарӣ номи тоҷикӣ — «Матонат» (устуворӣ, маҳкамӣ) — ро ба ҳамкасбон маъқул кардам.

Зилзилаи Ҳисор ба сокинони деҳаҳои Оқулии Боло, Оқулии Поён, Қарапучоқ, Якуми май ва Ҳисор зарари калони моддию маънавӣ расонда буд. Мардум аз хешу табор, наздикон, ҷудо ва бесарпаноҳ шуда буданд.

Барои ҳар чӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо дастгирии ҲКИШ, Совети вазирони ИҶШС, КМ ПК Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои муҳим ва фаврӣ андешида шуданд.

Мақсад аз интишори рӯзнома ҳам он буд, ки ба одамон дар бобати вусъати сохтмони шаҳракҳои нав, муассисаҳои иҷтимоию маданӣ, рафъи оқибатҳои зилзила ва ғайра сари вақт ёрӣ расонда шавад.

«Матонат», ки аз ду саҳифа иборат буд, аз 28 январ то 25 феврали соли 1989 ҳафтае шаш маротиба, бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба табъ мерасид. Шумораи аввали рӯзнома бо теъдоди 3000, шумораҳои баъдӣ мувофиқи талабот аз 5000 то ба 10000 нусха чоп шуд.

Баъди ҳодисаи заминҷунбии Ҷумҳурии Арманистон он солҳо бори дуюм буд, ки Вазорати мудофиаи ИҶШС иқдоми инсондӯстона зоҳир намуда, фаврӣ хизматчиёни ҳарбии минтақаи зилзиларо ба муҳлати 20 рӯз рухсатӣ дод. Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор вазъияти оилаҳои зарардидаро ба назар гирифта, ба рухсатии онҳо 7 рӯз илова карданд. Инчунин, Комиссариати ҳарбии ноҳия ба қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, ки  дар онҳо ҷавонони деҳаҳои аз заминларза зарардида хизмат мекарданд, наздик ба 200 барқия фиристода, хоҳиш кард, ки ба онҳо рухсатӣ диҳанд.

Тарғиби ин масъала низ яке аз мавзӯъҳои баҳси «Матонат» гардид. Ба падару модарон фаҳмонда шуд, ки аз фарзандон хотирҷамъ бошанд. Барои равуои сари вақти онҳо тамоми шароит муҳайёст.

Амсоли мақолаи мудири шуъбаи молияи ноҳияи Ҳисор С. Аввалов, ки дар «Матонат» нашр шуда, одамони минтақа, умуман, шахсони аз зилзила зарардида бовар кунонида мешуданд, ки мувофиқи қарори Совети вазирони РСС Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлат ба қадри зарурӣ ва имкон ёрмандии пулӣ мегиранд, тартиб ва қоидаҳои кумаки моддӣ, ки аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, одамони хайрхоҳ, ҷумҳуриҳои ҳамқисмату ҳамтақдиру дӯстони бовафо -Ӯзбекистону Қазоқис­тон, Туркманистону Қирғизистон, ашхоси алоҳидаи рус, озарӣ, арману гурҷӣ ва ғайра ҳар рӯзу ҳар лаҳза мерасид ва бо хонаю ҷой таъмин кардани одамон, дар мактаб, духтурхонаю хонаҳои истироҳатӣ ҷо ба ҷо намудани фарзандони минтақаи зилзила аз мавзӯъҳои муҳим буданд.

Дар давраи рафъи оқибатҳои зилзила баъзе шубҳаю овозаҳои бардурӯғ низ пайдо шуданд. Аз ҷумла, ҳар гуна пешгӯиҳои беасос оид ба такрор шудани зилзила одамонро ба ташвиш меовард, рӯҳафтода менамуд. Бинобар ин, «Матонат» баъди муайян кардани чунин гумону фарзияҳо бо гидрогеологҳо вохӯрда, ҳақиқати ҳолро ба одамон фаҳмонда дод. Аниқ шуд, ки маркази зилзила дар дигар ҷой набуда, ҳамон мавзеи ярч асту сабаби кандашавии кӯҳпора фақат зилзила нест. Мувозинати табиат бо дасти инсон вайрон шудааст. Парма кардани қишри замин нишон дод, ки дар чуқурии 25 метр қабати сероби хоки ботлоқмонанд ҷойгир аст. Сабаби дигари рӯй додани ярчи азим дар обшор кардани токзору талу теппа буд, ки заминларзаи андаке бо ҳаҷми калону вазнин миллионҳо метри мукааб хокро канда, ба поён фаровардааст. Суратҳои он вақт гирифта бошад, шаҳодат медоданд, ки дар қишри замини зери Қалъаи Ҳисор кӯли калони об мавҷуд аст. Сангу реги қабати замин обро аз худ гузаронда, ба пайдо шудани ботлоқ роҳ надодаанд. Вале чун қабатҳои хоку теппаҳои болои деҳаи Оқулии Боло ва Шарора баланд мебошанд, об нагузаронида, ботлоқро ба вуҷуд оварда, боиси лағжиш гардидаанд.

Дуруст тақсим кардани лавозимот ба зиммаи ситодҳои фаврӣ ва комиссияҳои ҷамъиятии маҳалҳо вогузор шуда буд. Мутаассифона, баъзеҳо хонаю ҷой, юрту хайма ва ғайраро бе иҷозати аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ бо салоҳдид ба ҳар тараф кашонда, вазъро душвор мекарданд. «Матонат» ба ин бесомонӣ бо факту далелҳои эътимодбахш зарба зада, одамонро мефаҳмонид, ки эҳтиёҷмандон хеле зиёданду ба ҳамаи онҳо дар як вақт ёрӣ расонда намешавад.

Одамон ҳам ҳар шумораи «Матонат»-ро бесаб­рона интизор мешуданд, зеро аз саҳифаҳои он ба саволҳояшон ҷавобҳои кофӣ пайдо мекарданд.

Дар яке аз шумораҳои рӯзнома бо узви Бюрои КМ ПК Тоҷикистон, ҷонишини Раиси Совети вазирони ҷумҳурӣ Г. Кошлаков мусоҳиба ба табъ расид. Ӯ, аз он ки баъзе аз падару модарон фарзандонашонро ба истироҳатгоҳи «Қаратоғ» рафтан намонданд, изҳори нигаронӣ мекард. Гӯё касе чунин овоза паҳн кардааст: «Ба онҳое дар навбати аввал хона ва замин медиҳанд, ки фарзандонашон ҳамроҳашон бошанд».

Бовар накунед, — даъват мекард «Матонат». — Ин масъала аз рӯи адлу инсоф ҳал мешавад, зеро инсоф меъёри зиндагии ин рӯзи сахт аст.

Инчунин, дар чанд шумора, дар бораи ягона тифлаки маъсуми зиндамонда — Шарора мақола ба табъ расида, ӯро дунё мешинохтагӣ шуд. Ҳатто ҳуқуқшиноси гурҷӣ Вахтанг Басилашвили ихтиёрӣ ба кумаки ҳисориҳо омада, тайёр буд, ӯро духтархонд кунад. Вале пирони деҳа маслиҳат доданд, ки бигзор тифлакро амакаш тарбия кунад. Он гоҳ марди накукор таклиф намуд, ки бигзор ӯро аҳли ҷаҳон ба воя расонад ва аввалин шуда, дар бонки ноҳия ба номи вай маблағ гузаронд.

Бале, он рӯзҳои душвор, дар баробари ҳайати таҳририяи «Матонат» роҳбарони замон, ҳукумати умумииттифоқ ва ҷумҳурӣ, шоиру нависандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, хулоса, ҳар нафари инсондӯсту хайрхоҳи дунё ҳамрозу ҳамсоз, ҳампаҳлую ғамшарики мардуми азияткашида буданд. Ҳар кас ба қадри ҳиммат, қудрату тавоноӣ ба онҳо кумаки моддию маънавӣ мерасонд. Аҳли қаламу фарҳанг бо шеър, хабару мақола, репортажу лавҳаҳо мардумро рӯҳбаланд ва дилбардорӣ менамуданд. Тавассути сухан дили аламдидаҳоро ба зиндагӣ гарм, бо каломи инсондӯстона қадрдонию якдигарфаҳмиро талқин ва камбудию норасоии рафти рафъи оқибатҳои зилзиларо ошкор мекарданд.

Маҳз бо кумаку дастгирӣ, роҳбаладии аҳли қалам ёрии башардӯстонаи аз ҷумҳуриҳои иттифоқ ва дигар гӯшаю канори дунё воридшуда ба одамон аз рӯи адлу инсоф тақсим гардид. Аз паи дарду ғам, яъсу ноумедӣ, фаро расидани рӯзгори хушу хуррам маҳз тавассути сухани ҷонбахши аҳли қалам талқин мешуд. Суханони онҳо ба дарди ғамзадаҳо даво бахшид.

Муаллифи ин сатрҳо, ки ҳар ваҷаб замини минтақаи зилзиларо пиёда гашта, оҳу шевани одамонро шунида, дар хунукиҳои қаҳратуни моҳи январ азоби бемаконӣ ва гуруснагии ҷон ба саломат бурдагонро дидаам, мақсад гузоштам, ки ба поси хотир, эҳтироми зиндамондагон, рӯҳи поки дар дили хок хуфтагон кори хайреро анҷом диҳам. Ин маро ба навиштани китоби «Зилзила ва матонат» раҳнамун сохт. Аз ин хотир, ба ин кори душвор даст задам, ки дар таърихи сарзамини азияткашидаамон аз зилзилаи Қаратоғ, Ҳоит, Гӯрдара, Исфара, Ҷиргатол, Ишкошим ва Қайроққум ба ҷуз ном чизе дар ёдҳо намондааст, авлодони мардум даҳшати он рӯзҳоро пеши рӯ биёранд, як гӯшаи дури таърихи фоҷиабори Ватанро омӯзанд, рӯҳи шаҳидонро шод гардонанд. Шояд суоле пеш ояд, ки аз чӣ сабаб ба ин кор на дар вақташ, балки баъди солҳои тӯлонӣ рӯ оварда шуд?

Бояд гуфт, ки баъди ду моҳи зилзила таълифи китоби «Зилзила ва матонат» ба анҷом расида, бо дастгирию кумаки КМ ПК Тоҷикистон ба нашриёти «Ирфон» пешниҳод ва соли 1990 ба нақшаи чоп ворид шуд. Вале, афсӯс, ки ноширону муҳаррирони нашриёт «коғаз надорем, ранг намерасад, пули заҳматро кӣ ҷуброн мекунад», — гуфта баҳона пеш оварданд ва баъди даҳ сол (1998) китобро пас гардонданд.

Ниҳоят, маро ба ин кори муҳиму пурарзиш чизи дигаре низ талқин сохт: гап сари он меравад, ки бародарони ӯзбек тавонистанд аз зилзилаи соли 1966-уми шаҳри Тошканд вақти зиёде нагузашта, китоб ба табъ расонданд, ки қимати ниҳоят илмию омммавӣ ва таърихӣ дорад.

Аз муносибати ноодилонаи нашриёт ғамгину рӯҳафтода шуда бошам ҳам, ба дил гуфтам: «Як дари бастаю сад дари кушода» ва ба Иттиҳодияи журналистони ҷумҳурӣ, рӯ овардам. Аз он ҷо низ навиштаҳоямро баргардонданд.

Ҳамин тариқ, китоби «Зилзила ва матонат»-ро 30 сол дар бойгонии шахсӣ нигоҳ доштам.

Оғози соли ҷорӣ ба ёдам расид, ки 23 январ аз рух додани он ҳодисаи мудҳиши аср 30 сол пур мешавад. Шояд роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор — «Зилзила ва матонат»-ро ба хотири ҳуфтагони зери гунбази хоки «Шарора» ба табъ расонад?! Бо ҳамин андеша, бо дастгирии дӯстам, нависанда Султонмурод Одинаев ба назди роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Бобосафар Шарифӣ рафтем. Ӯ баста (подшивка)-и «Матонат», китоби «Зилзила ва матонат», суратҳои ниҳоят гаронарзишро тагурӯ ва «домани маро бо чормағзи пӯч пур намуда, кӯтоҳакак «мебинем», — гӯён хайрухуш кард. Баъди ҳафтае боз бо ӯ вохӯрдам. Ин дафъа оҳанги суханашро дигар карда: «амак, ҳоло равед, шуморо худамон меёбем», — гуфта аз ман осонакак халос шуд.

Ду моҳи расо интизорӣ кашидам, вале афсӯс, ки «ҷиян» ҳеҷ не, ки маро суроғ кунад. Ноилоҷ ба қабули раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода рафтам. Дар бораи зилзила ва китоби «Зилзила ва матонат» кӯтоҳ маълумот додам. Раис ҳам, ба қавле, кӯтоҳакак супориш доданд: «Ба бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор супоред, «бигузор фикри худро иброз доранд, ки китоб арзиш дорад, ё не?!».

Дар бахши мазкур низ кор хеле кашол ёфт. Ҳар гоҳ ки бо онҳо рӯ ба рӯ меомадам: «Муаллим, китоб ҳаҷман калон, кӯтоҳ кунед, чопи 450 саҳифаи шуморо касе ба зимма намегирад», — мегуфтанд.

Хайр, кӯтоҳ бошад, кӯтоҳ-дия. Агарчӣ дилам ба меҳнатам сӯхт, кӯтоҳ кардам, 200 саҳифа ва бо мактуби раиси бахши нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Расулӣ боз ба назди раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода рафтам. Дар мактуб омада буд: «Муҳтарам раис, асари устод Мухтор Мирзоев «Зилзила ва матонат» — ро, ки ба 30-солагии зилзилаи Ҳисор бахшида шудааст, хондам… Фактҳои таърихии барои хонанда судманд дорад»… Баъди мулоқот бо раис ба даҳҳо утоқ сар халондам ва ниҳоят, нуқтаи тамат сари шуъбаи молия афтид. Дар он ҷо гапро чандон ғоз надода, як каллаҷунбони шуъба иброз дошт, ки имсол ва солҳои оянда ба чопи китобатон умед набандед.

- Фаҳмо, — гуфтам ман ва ин мақоли бачагона ба хотирам расид: «Вай ба ту дод, ту ба ман додӣ, ман дар сари санг мондам, зоғ бурд».

Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ободкорӣ дар ҷӯшу хурӯш аст. Ҷавонмардони ҳимматбаланд, ватандӯст, онҳое, ки ҳар пора хоки марзу буми аҷдодиро чун мағзи нон, модар азизу муқаддас медонанд, аз ҷайб миллионҳо сомонӣ харҷ карда, мактаб, қасрҳои фарҳанг, корхонаҳои саноатӣ бунёд менамоянд, роҳҳои ноободро обод мекунанд, вале дар шаҳри Ҳисор, ки яке аз шаҳрҳои ободу бойтарини ҷумҳурӣ аст, миллион, 100, 10 ҳазор не, 4-5 ҳазорро ба хотири фавтидагони гузаштаи худ ҳайф донистанд, ки воқеан ҳам, аламовар аст.

Заминларзаи Ҳисори шодмон садҳо бинои истиқоматӣ, маъмурӣ, боғ, мактаб, боғчаи бачагон, яслӣ, бошишгоҳи саҳроӣ, чойхона, ошхона, мағоза, қасри фарҳанг, ҷӯю каналҳо, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо, фермаҳои чорвопарварӣ, чорвои шахсӣ ва ғайраро барбод дод. Мудҳиштар аз ин, тибқи ҳисобҳо тақрибан 250 нафар зиндабагӯр шуд. Аммо одамони хайрхоҳи дунё ва ҷумҳуриҳои бародар аз воқеаи гӯшношуниди Ҳисор тавассути радио, телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма бохабар шуда, дасти кумак дароз карданд, ҷойҳои харобгаштаро аз нав обод, мардуми зери барфу борон, сардиҳои зимистони қаҳратунмондаро бо хонаҳои хуштарҳу замонавӣ таъмин намуданд. Хонандагон аз нав соҳиби мактабҳои замонавӣ, лавозимоти хониш гардиданд. Дар деҳаҳои навбунёд тӯю сур барпо ва дар лабҳо ханда ҳувайдо гашт. Вале… бо таассуф бояд гуфт, ки фавтидагон дигар барнамегарданд…

«Зилзила ва матонат», ки фарогири ҳамин воқеаи даҳшатбор мебошад, порае аз таърихи на фақат рӯзҳои сангини Ҳисор, ҷумҳурии азизамон, инчунин, ҷумҳуриҳои ҳамҷавори собиқ Иттифоқи Шӯравиро дар бар мегирад. Ман, ки бевосита шоҳиди воқеаю рӯйдодҳои баъди зилзила мебошам, матолиберо гирд овардаю ба қалам додаам, ки ҳамрайъӣ, кумаку дастгирии беғаразонаи мардуми хайрхоҳи дунёро дар бар мегирад. Ҳамчунин, китоб барои наслҳои имрӯзу оянда ҷиҳати пос доштани хотири ғафлатшаҳидони зери ярчи азиммонда ниҳоят муҳим ва зарур аст, зеро солҳо мегузаранду онҳо китобро сафҳагардон ва шояд он рӯзҳои сангини мардуми бехонумонгаштаро пешорӯ оварда, онҳоеро низ ба некӣ ёд мекунанд, ки дар кори хайре саҳм гузоштаанд.

Ва ниҳоят, чопи китоб аз он ҷиҳат муҳим ва зарур аст, ки ба мардум ҳушдор медиҳад, то оянда дар сохтмони биноҳои зист, маъмурӣ ва фарҳангӣ дурандеш, яъне эҳтиёткор бошанд, то оянда пушаймонӣ ба бор наорад.

Дар китоб, ки одамонро ба худшиносии миллӣ, дӯст доштани марзу бум ҳидоят мекунад ва порае аз таърихи зиндаи кишвар, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст, доир ба хидмату заҳмати роҳбарони Давлат ва Ҳукумат, ба мисли Қ. Маҳкамов, И. Ҳаёев, шоиру нависандагон — М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, М. Қаноат, Б. Собир, Л. Шералӣ, ки алҳол дар миёни мо нестанд, низ маълумот медиҳад. Вале афсӯс, ки ин ҳама ба гӯши курсинишинони шаҳри Ҳисор надаромад…

Инак, 30 сол аст, ки ман моҳе як маротиба ба мавзеи зилзилазада меравам. Дар деҳоти куҳна ва шаҳру шаҳракҳои ободу зебои навбунёд қадам мезанам. Ба мазори умумии Шарора рафта, назди хуфтагон сар ба таъзим оварда, хаёлан бо онҳо гуфтугӯ мекунам. Баъд пеши назарам говдӯшдухтаракон хилъатҳои сафед ба тан пешодунбол вориди оғилҳо мешаванд. Бӯи шири навдӯшида дар ҳавои говхона фағона мезанад. Говдӯшдухтаре бо ҳавои ба сатил рехтани шир месарояд:

Тоқӣ ба сарут, тоқии шоҳӣ ба сарут,

Шинум сари кӯчаҳо пурсум хабарут.

Шинум сари кӯчаҳо н-омад хабарут,

Беаҳд будӣ, бача, биреза ҷигарут…

Раҳораҳ оби дидагонамро пок мекунам ва ҳайфи дунё мегӯям: «Эҳ дунё, дунё, бисёр ширинӣ, вале афсӯс, ки бевафоӣ…

Мухтор МИРЗО, журналист, сокини шаҳри Ҳисор