Ба мо муроҷиат мекунанд

Зиндагии чор оила дар як ҳавлии хурд

№62 (4012) 30.05.2019

Ман бо хоҳиши апаам Набиева Маърифат Нуруллоевна ва шавҳараш Набиев Бобошариф Маҳмадиевич — сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, деҳоти «Чоряккорон», кӯчаи Зафар, хонаи 149, ки бо амри тақдир ҳар ду модарзодӣ забони гӯё надоранд, ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» омадам, ки садои дил ва арзу доди онҳоро тавассути минбари баланд ба масъулин расонам.

Гап дар он аст, ки шароити зиндагии апаам, шавҳар ва фарзандонаш воқеан ҳам сангину тоқатфарсост, вале бо сабаби забони гӯё надоштан онҳо ба ягон идора муроҷиат карда наметавонанд ва касеро ҳам парво нест.

Оилаи апаам ҳамроҳи 3 бародари шавҳараш – Эраҷ бо зан ва се фарзанд, Дилшод бо як ва Камолиддин бо 3 фарзанд, ҳамчунин, хоҳаронашон Фотимаву Зуҳро, ҷамъ 19 нафар дар ҳавлии аз волидонашон мерос­монда, ки тахмин 4 садяк заминро ташкил медиҳад, зиндагӣ мекунанд.

Замоне шавҳари апаам ва бародаронаш ба Ҷамоати деҳоти  «Чоряккорон»-и ноҳияи Рӯдакӣ барои ҷудо намудани замин муроҷиат карда будаанд, вале ҷавоб гирифтанд, ки ҳамаи заминҳо тақсим шудаанд. Пас аз он  умедашонро канда, дигар ба ҷое муроҷиат нанамуданд ва дар 6 хонаи хурд, бо мушкилоти зиёд умр ба сар мебаранд. Мушкили дигари хонадон дар он аст, ки бо сабаби бемориву нотавонӣ кор намекунанду бо музди нафақа зиндагӣ карда истодаанд. Танҳо Камолиддин ба ҳайси ронанда кор мекунад.

Ман аз номи ин хонадони бузургу эҳтиёҷманд ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ  муроҷиат намуда, хоҳиш менамоям, ки лоақал дар  моҳи шарифи Рамазон ба онҳо  ёрӣ расонанд.

Ҳасан Грезов, сокини деҳаи Маҳмадшоҳи поёни Ҷамоати деҳоти «Сарикиштӣ», ноҳияи Рӯдакӣ