Аз нишастҳои матбуотӣ

110 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардид

№90 (3884) 06.07.2018

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 357 кг 111 гр. маводи ­нашъаоварро дар бухории махсус дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма сӯзониданд.

- Аз аввали соли равон то имрӯз дар маҷмӯъ қариб 2 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шуд, — зикр кард директори агентӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 20 июл доир гардид. Ӯ гуфт, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 735 кг, аз ҷумла, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар 628 кг 353 гр. (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 фоиз зиёд) маводи нашъаовар мусодира карда шуд. Кормандони агентӣ дар ин давра 110 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуда, ба қайд гирифтанд. Инчунин, фаъолияти 28 гурӯҳ, аз ҷумла 7 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи трансмиллӣ дар ҳайати 52 нафар ошкор ва қатъ гардонида, 9 нафар ҷинояткори дар кофтукови байнидавлатӣ қарордошта дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»