Аз нишастҳои матбуотӣ

138 нафар аз вазифа озод карда шуданд

№95 (3889) 07.08.2018

- Агентии хизмати давлатӣ вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатиро дар фаъолияти дастгоҳи Суди Олӣ, вазоратҳои молия, адлия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Саридораи геология, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳрҳои Хоруғ, Роғун, Бохтар, Норак, ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Нуробод, Файзобод, Шаҳринав, Рӯшон ва Шуғнон мавриди таҳлил қарор дод. Баробари дастовардҳо дар мақомоти давлатии таҳти санҷиш қарордодашуда ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ошкор гардид, — зикр намуд директори агентӣ Ҷумъа Давлатов 2 августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ. 

- Маълум шуд, ки дар Саридораи геология, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, МИҲД вилояти Суғд, шаҳрҳои Норак ва Бохтар ҳангоми интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ба камбудӣ роҳ додаанд.Чунончӣ дар МИҲД вилояти Суғд 16 нафар, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Роғун 4 нафар, Нуробод — 4, Шаҳринав — 2, Файзобод — 5, Носири Хусрав — 3 ва Ҷалолиддини Балхӣ 4 нафар хизматчии давлатӣ бе доштани таҳсилоти зарурӣ дар мансабҳои хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, — афзуд Ҷумъа Давлатов.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи баррасии пешниҳоди Агентии хизмати давлатӣ 138 нафар сармутахассиси ҷамоатҳои деҳот бинобар мувофиқат накардан ба талаботи тахассусӣ аз мансабҳои ишғолнамуда озод гардиданд.

-Агентии хизмати давлатӣ минбаъд низ фаъолияти худ­ро дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва нақшаҳои корӣ самаранок ба роҳ монда, барои татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард, — хулоса намуд Ҷумъа Давлатов.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»