Аз нишастҳои матбуотӣ

15 барномаи нав рӯи кор омад

№20 (4126) 13.02.2020

DSC_0091Панҷуми феврали соли равон роҳбарияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба натиҷаҳои ­фаъолият дар соли 2019 нишас­ти матбуотӣ доир намуд.

Директори он Носир Саидов қайд кард, ки яке аз дастовардҳои асосӣ роҳандозӣ намудани лоиҳа — озмуни байналмилалии «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» («Central Asia’s Got Talent») мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқис­тон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон амалӣ гардид.

Ҳадафи асосии иштирок дар ин лоиҳа баланд бардоштани мақому нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон аст. Боиси ифтихор аст, ки дар ин озмун 68 намояндаи кишвар ширкат варзида, Шоҳҷоиза насиби ҳамватанамон Чоршанбе Аловатов гардид.

Дар тӯли сол 15 барномаи нав, ба мисли «Анъана», «Мавқеъ», «Вместе» ва «Як тарона» рӯи кор омад, ки аллакай бинандагони худро пайдо кардаанд. Масъалаи асосие, ки кормандони муассиса дар тӯли сол пайгирӣ намуданд, мавзӯъ ва масоили марбут ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ буд. Вобаста ба ин дар барномаҳои иттилоотӣ 145 гузориш аз манотиқи гуногуни кишвар пахш гардид, ки барномаи нав — «Тавозун» идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Илова бар ин, масоили марбути «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар барномаҳои «Куҳандиёр», «Асолат», «Эъҷозкор», «Саҳифаи таърих» ва ғайра мунтазам баррасӣ шуданд. Бахшида ба 5500-солагии Саразми бостон филми мустанади «Саразм» таҳияву пахш ва оид ба ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат беш аз 220 гузориш манзури бинандагон гардид.

Соли сипаригашта идораи таҳияи филмҳо ва дубляж 62 филми бадеиро бо давомнокии 6820 дақиқа тарҷума, дубляж ва шаш филми мустанадро таҳия  намуд.

Н. НИЗОМӢ«Садои мардум»