Нишастҳои матбуотӣ

15393 пешниҳод барои риоя накардани қонунгузории соҳа

№86 (3723) 20.07.2017

DSC_0118Дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як соати ҷудогардида барои саволу ҷавоб кифоят накард.

Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба кишвар аз ҷумлаи масоиле буд, ки бештар мавриди назари аҳли нишаст қарор дошт. Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода иброз дошт, ки вобаста ба масоили мавриди назар тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Айни ҳол татбиқи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030», «Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бомуваффақият ҷараён дорад. Чанде пеш Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим ҳамроҳ шуд ва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба имзо расид. Ба ғайр аз ин, дар ҷаласаи 22-юми ­Комиссияи иқтисодии СММ тафсири сеюми фаъолияти экологии Тоҷикистон қабул гардида, тавсияҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ирсол гашт. Айни замон се лоиҳаи грантии экологӣ – «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ва «Баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» амалӣ шуда истодаанд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 9345 санҷиши комплексӣ, фаврӣ ва рейдҳо гузаронида шуда, барои риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа 15393 пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шуд.

Зикр гардид, ки дар ним сол дар ҷумҳурӣ 559 намунаи обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва обпартови саноатию маишӣ, 181 манбаи ифлоскунандаи ҳавои атмосфера, 60 намунаи хоки замин аз ташхис гузаронида шуда, дар 60 нуқта дараҷаи радиатсионӣ чен карда шуд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»