Аз нишастҳои матбуотӣ

16253 нафар аз «Тоҷиксуғурта» зиёда аз 15 миллион сомонӣ кумак гирифтанд

№15 (3652) 14.02.2017

DSC_0179Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» аз рӯи 28 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки 13 намуд ҳатмӣ ва 15 намуд ихтиёрӣ мебошад. Дар нишасти матбуотие, ки 6 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, сарвари он Сатторӣ Аловуддин Мирзо оид ба фаъолияти яксола ва нақшаҳо гузориш дод.

Зикр шуд, ки соли 2016 аз ҳисоби суғурта 60 миллиону 380 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки баробар ба 112 фоизи нақшаи солона аст. Аз ин  37 миллиону 78 ҳазор сомонӣ маблағҳои суғуртаи ҳатмӣ ва 23 миллиону 302 ҳазор сомониро маблағи намудҳои ихтиёрии суғурта ташкил медиҳад. Соли гузашта корхона бо 1 миллиону 400 ҳазор ашхоси воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ баста, ба 16 ҳазору 253 ашхоси молу амволашон нобуд ва ё вайронгардида, инчунин шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида 15 миллиону 99 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонд.

- Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2016, таҳти №254 «Дар бораи расонидани кумаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯдакӣ», сарфи назар аз мавҷудияти шартномаҳои суғуртавӣ ба 32 хоҷагии пурра зарардида 2 ҳазор сомонӣ ба ҳар хоҷагӣ ва 72 хоҷагии қисман зарардида 500 сомонӣ, дар маҷмӯъ 100 ҳазор сомонӣ ёрии молиявӣ расонида шуд, — гуфт А. Сатторӣ.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»