Аз нишастҳои матбуотӣ

18 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд

№18 (3968) 14.02.2019

Ломоносов (2)- Мутахассисони ояндаи мо чун ломоносовчиёни ҳақиқӣ тамоми донишу қувваро баҳри он равона мекунанд, ки дар гулгулшукуфии Ватан ва пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми босазо дошта бошанд, — зикр кард директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъало Мирзоев зимни нишасти матбуотие, ки 11-уми феврал баргузор гардид.

Номбурда афзуд, ки раванди таълим дар филиали ДДМ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳар ду кишвар, дар ду факултет — илмҳои табиӣ — математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механикаи мавод ва геология, илмҳои гуманитарӣ – идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва лингвистика ба роҳ монда шудааст.

То оғози соли 2019 шумораи донишҷӯён 501 нафарро ташкил дод. Барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ 209 омӯзгор ва 10 озмоишгоҳи соҳавӣ фаъолият мекунанд. Мавҷудияти озмоишгоҳҳои замонавӣ имконият медиҳанд, ки таҷрибаи андӯхтаи назариявӣ ҳамаҷониба аз худ карда, маҳорату малакаи кор бо дастгоҳҳои озмоишӣ такмил дода шавад.

Дар асоси фармони ректори ДДМ В. А. Садовничий, донишҷӯёни курси 4 барои идомаи таҳсили нимсолаи 8-ум ба факултетҳои мувофиқ бо ихтисос ба Донишгоҳи давлатии Москва фиристонида мешаванд.

- Аъзои комиссияи аттестатсияи ниҳоӣ ба хулоса омаданд, ки аз ҷумлаи хатмкунандагони соли 2018-ум ба 18 нафар дипломи аъло дода шавад, — гуфт Сайъало Мирзоев.

Абдухолиқ МИРЗОЕВ,

«Садои мардум»