Аз нишастҳои матбуотӣ

21 омӯзгори ДДБ рисолаи докторӣ ва номзадӣ ҳимоя карданд

№15 (3965) 07.02.2019

ДОНИШГОХИ БОХТАР- Соли 2018 барои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли илм буд, чунки 21 нафар омӯзгор рисолаи илмӣ, аз ҷумла ду нафар рисолаи докторӣ аз рӯи ихтисоси кимиё ва филологӣ (забони англисӣ) дифоъ намуданд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ ректори муассиса Шодиён Маҳмад, ки 1-уми феврали соли 2019 баргузор гардид.

Ӯ афзуд, ки моҳи январи соли 2018 дар муассиса Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи се ихтисос — методикаи таълими математика, физика ва информатика кушода шуд. Иқтидори илмиву амалии донишгоҳро ба назар гирифта, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 фаъолияти Шӯрои диссертатсионии дуюмро аз рӯи ихтисоси бисёр нодир — таърихи илм ва техника иҷозат дод, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Дар шӯроҳои донишгоҳ 30 нафар олими варзида, профессор ва доктори илм фаъолият мекунанд.

Дар фарҷом Шодиён Маҳмад иброз намуд, ки соли ҷорӣ дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар назди донишгоҳ як маҷмааи варзишӣ ва як бинои иловагӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, то ҷашни Наврӯз дар бинои телевизион ва радиои вилояти Хатлон аз тарафи маъмурияти донишгоҳ як студияи хурд ба фаъолият оғоз менамояд, ки заминаи хубе барои омода намудани донишҷӯёни бахши рӯзноманигории факултети филология хоҳад шуд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»